Захираҳои об

Захираҳои об дар таъмини рушди устувори кишвар нақши муаасир дорад.  Сабаб дар он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ мебошад.

Айни замон, захираҳои об дар кишвар манбаи асосии истеҳсоли энергия ба шумор рафта, 95% – и барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад.

Захираҳои обӣ дар истеҳсоли тақрибан 80%-и маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария,  саноат ва моҳипарварӣ,  ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат нақши муҳим мебозад, истифода мешавад.

Захираҳои оби дар кишвар, ҳамчунин, дар таъмини шуғлнокии аҳолӣ низ саҳмгузор аст. Муҳимтар аз ҳама, рушди минбаъдаи соҳаи гидроэнергетика, соҳаҳои обёришавандаи кишоварзӣ  ва саноат ҷойҳои нави кориро ташкил менамоянд. Дар ин раванд, соҳаҳои обёришавандаи кишоварзӣ нақши калидӣ дошта, қисмати зиёди аҳолии деҳоти кишварро бо шуғл таъмин менамояд.

Дар робита ба ин, Вазорат фаъолияти худро дар самтҳои зерин амалӣ менамояд:

  • Татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои обӣ;
  • Таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмил додани қонунгузории соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Таҳияи стратегияҳо, барномаҳо, консепсияҳо ва нақшаҳои рушд;
  • Танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об;
  • Рушди иқтидор;
  • Мусоидат ҷиҳати истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об;
  • Ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои гуногуне, ки дар самтҳои мухталифи идоракунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои обӣ фаъолият менамоянд;
  • Назорати давлатӣ ва назорати бехатарии иншооти гидротехникӣ;
  • Пешбурди кадастри давлатии об дар бахши истифодаи об
  • Таҳияи лоиҳаҳо ва ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи об;
  • Дигар вазифаҳое, Низомномаи Вазоратмуқаррар кардааст.