Системаи электроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ситемаи ягона фаъолият намуда, дар чор минтақаи кишвар, тибқи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ Суғд (Шимол), Хатлон (Ҷануб), шаҳри Душанбе бо ноҳияҳои наздики он ва ноҳияҳои тобеи марказ пайваст аст.
Бахши электроэнергия аз ҷониби ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», ки саҳмияҳои онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд, идора карда мешавад. Ширкатҳои мазкур неругоҳҳо ва шабакаҳо, истеҳсоли неруи барқ, интиқол ва тақсимоти онро дар кишвар, ба ғайр аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идора менамояд.
Шуруъ аз моҳи декабри соли 2002, дар асоси Шартномаи консессионӣ идоракунии шабакаи таъминоти барқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба муҳлати 25 сол аз тавозуни ШСХК «Барқи Тоҷик» ба тавозуни Ширкати хусусии «Помир Энерҷӣ» гузаронида шуд.
Айни ҳол шабакаи таъминоти барқи ин вилоят берун аз шабакаи муттамаркази Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Ширкати хусусии «Помир Энерҷи» неругоҳҳои барқи обӣ, офтобӣ ва бодии хурдро бо иқтидори умумии 75 МВт ва хатҳои интиқоли барки 110/35/10/0,4 кВ идора менамояд.
Иқтидори энергетикии Тоҷикистон 6700 МВт-ро ташкил медиҳад, ки 87,5%-и онро ҳиссаи неругоҳҳои барқи обӣ ташкил медиҳанд. Ҳиссаи Маркази барқу гармидиҳи ҳамагӣ ба 718 МВт, яъне ба 12,4% баробар аст.













