ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ВАЗОРАТ

3-юми ноябри соли 2026, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 32-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода, судяи Суди ноҳияи Сино Раҳмон Далер, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино Зоҳир Ҳабибзода, роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷумъахон Ҷурахонзода ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорат иштирок карданд.

Вазир зимни ифтитоҳи ҳамоиш ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Конститутсия табрик гуфта, қабули Қонуни асосиро аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини давлатдории тоҷикон арзёбӣ кард. Ӯ аз нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ёдовар шуд.

Зикр гардид, ки муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Конститутсия ба шаҳрвандон имкон дод, то бо пешниҳоди андешаҳои худ дар таҳияи Қонуни асосӣ саҳм гузоранд.
– Конститутсия инсонро дар маркази сиёсати давлатӣ қарор дод. Мувофиқи моддаи 5, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, давлат вазифадор аст онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз намояд, – иброз дошт Далер Ҷумъа.

Вазир дар бораи аҳамияти амалии меъёрҳои Конститутсия барои соҳаҳои энергетика ва захираҳои об таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба муҳимияти омӯзиши амалии Конститутсия ва қонунгузории соҳавӣ, бахусус барои мутахассисони ҷавонро, таъкид кард.

Дар идомаи ҳамоиш Барно Саидвализода, Ҷумъахон Ҷурахонзода, Раҳмон Далер ва сармутахассиси раёсати ҳуқуқи Вазорат Нигина Назарова дар бораи нақши Конститутсия дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа суханронӣ карданд.

Дар фароварди чорабинӣ ба Барно Саидвализода ва Раҳмон Далер сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино тақдим гардиданд.