Рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ

Санаи 9 июли соли 2020 дар бинои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумии Вазорат оид ба рафти иҷрои банди 8 нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии зиддикоррупсионии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 доир ба татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» гузаронида шуд.

Тибқи нақша дар ҷаласа масоили пурзўр намудани мубориза бар зидди коррупсия, ҳолатҳои тамаъҷӯӣ ришваситонӣ, зуҳуроти вақтҳои охир дар миёни роҳбарони ва хизматчмиёни мақомоти давлатӣ паҳншудаи ғаразу хусумат ва бархурди манфиатҳо ва дигар нофаҳмиҳо, ки раванди корро халалдор месонанд, омўзиши иловагии қонунгузории зиддикоррупсионӣ баррасӣ ва матраҳ гардиданд.

Бо дарназардошти вазъи эпидемиологии кишвар дар маҷлиси умумӣ шумораи камтари кормандони Вазорат ва намояндагони зерсохторҳои он ширкат намуда, новобаста ба ин  якчанд нафар оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», ки  25 июли соли 2005 № 100 қабул карда шудааст, бандҳои алоҳидаи он, мафҳуми истилоҳи коррупсия, ҳолатҳои коррупсионӣ дар макомотҳои давлатӣ ва муқовимат бо онҳо суҳанронӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар рафти маҷлис сабабҳои мухталифи сар задани ҳолатҳои коррупсионӣ ва принсипҳои асосии мубориза бар зидди коррупсия  мавридди муҳокима қарор гирифт.

Дар натиҷа кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва зерсохторҳо ба хулосае омаданд, ки вобаста ба масъалаи  ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар корхонаҳои таҳти тобеият қарордошта ҷамъомад ва мафҳилҳои махсус баргузор намуда, мақсад ва моҳияти “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ”-ро ба саъми кормандонашон  расонида, иҷроиши онро зери назорати доимӣ қарор хоҳанд дод.