Кодекси касбии одоби корманди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо  Фармоиши  Вазири энергетика ва

захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз « 31» декабри соли 2014, №59

тасдиқ карда шудааст.

Кодекси  касбии  одоби  корманди 

Вазорати энергетика ва захираҳои

оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Кодекси касбии одоби корманди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Кодекси мазкур) ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур, муқаррароти дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои  байналмилалие, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро  эътироф кардааст иборат мебошад.
  2. Кодекси мазкур – ин маҷмӯи рафтори корманди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Вазорат) мебошад, ки хислати ахлоқии фаъолияти хизматӣ ва рафтори ғайри хизматии онҳоро  танзим намуда, аз меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ, ки дар асоси  он фаъолияти  хизматӣ ва ғайрихизматии кормандони Вазорат ба роҳ монда мешавад, иборат мебошад.
  3. Кодекси мазкур бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани фаъолияти касбӣ ва ғайрикасбии кормандони Вазорат ва баланд бардоштани обрӯи Вазорат ва кормандони он дар ҷомеа, пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда  қабул гардидааст.

I.Муқаррароти умумӣ

  1. Корманди Вазорат фаъолияти худро  бояд дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  хизмати давлатӣ», «Дар бораи энергетика»,              «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар қонунҳо ва Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои  якҷояи  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси  намояндагони  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои  меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, фармоишҳои Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои ҳайати мушовараи  Вазорат ва меъёрҳои фитрии аз тарафи ҷомеа эътирофшудаи  ахлоқӣ ба роҳ монад.
  2. Корманди Вазорат баҳри баланд бардоштани обрӯю эътибори Вазорат ва кормандони он саъю кӯшиш намуда, ӯҳдадориҳои хизматӣ ва ғайрихизматии худро беғараз, одилонаву ростқавлона  ба  роҳ монад.
  3. Корманди Вазорат вазифадор аст, ки ҳангоми адои  вазифаҳои  хизматӣ ва берун аз он, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои  байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун арзиши  олӣ  эътироф намудааст, пос дорад.
  4. Корманди Вазорат бояд эътибори  фаъолияти худро дар Вазорат пос дошта, аз ҳама гуна зуҳуроти  номатлубе, ки метавонад боиси паст гардидани  шаъну шарафи  Вазорат ва кормандони  он мегардад, канораҷӯӣ намояд.

8.Ҳангоми беасос айбдор намудани корманди Вазорат дар содир намудани  ҷиноят ва дигар кирдорҳои  бадномкунанда, ӯ метавонад барои ҳифз ва нигоҳ доштани  номи неки худ ба мақомоти дахлдор ва суд муроҷиат намуда, бегуноҳии худро  исбот намояд.

  1. II. Қоидаҳои рафтори корманди

  Вазорат  ҳангоми  иҷрои  ӯҳдадориҳои мансабӣ

  1. Корманди Вазорат ҳангоми  иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ ва берун аз доираи  фаъолияти  хизматиаш бояд:

– забони  давлатиро  донад, бо он озодона сухан ронад ва коргузории худро  пурра  бо забони давлатӣ ба роҳ монад ва барои  омӯзиши  забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ғайра) кӯшиш намояд:

– ҳамеша ба такмили малака ва маҳорати  касбии худ  ҷаҳд намуда, донишҳои  аёнӣ ва зеҳнии худро дар сатҳи дахлдор  барои  иҷрои  вазифаҳои  хизматиаш зарур нигоҳ дорад:

-муқаррароти қонунҳои амалкунандаи соҳавии Вазорат, ки дар  банди 4  Фасли 1 Кодекси  мазкур  зикр гардидааст, донад:

-аз  дигар  санадҳои  меъёрии  ҳуқуқӣ  бархурдор  бошад.

– барои пешгирӣ, ошкор  ва бартараф намудани  сабабу  шароитҳое, ки  ба содир  намудани  ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат намудааст, инчунин дар рӯҳияи  масъулиятнокӣ, риояи қатъӣ ва иҷрои  дақиқу якхелаи  қонунҳо, тарбия  намудани  шаҳрвандон чораҳо андешад:

-дар муошират бо шаҳрвандон, соҳибкорон, ҳамкасбон ва намояндагони  дигар ташкилоту  идораҳо  хушмуомила  бошад:

-ҳангоми иҷрои вазифахои хизматӣ поквиҷдонона ва беғаразона  вазифаҳои худро иҷро намуда, ба унвони баланди  корманди Вазорат иснод наоварад:

-муроҷиатҳои шаҳрвандонро  сари вақт ва дар муҳлатҳои  муқарраргардида  баррасӣ намуда, ҷиҳати иҷрои талабу дархости  онҳо чораҳои зарурӣ андешад:

-ҳуҷҷатҳои меъёрии техникиро  ҳангоми  иҷрои  ӯҳдадориҳои хизматӣ сармашқи фаъолияти худ  қарор диҳад:

-ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ  баъди ба нафақа баромадан  ё  ба истеъфо рафтан  ба ошкоркунии сирри давлатӣ, хизматӣ  ва сирри дигари бо қонун  ҳифзшаванда роҳ надиҳад. Ин маълумотҳоро  бо мақсадҳои  ғаразнок  истифода набурда, барои пешгирӣ намудани чунин амалҳо  тадбирҳо андешад:

-аз иҷрои амалиёте, ки дар он фаъолияти  шаффофи  ӯ метавонад зери шубҳа қарор гирад, вақте ба ин амалиёт  пайвандони ӯ  алоқаманд мебошанд ё ҳолатҳое, ки  бавосита  ва ё бевосита  оид ба  натиҷаи ин кор   манфиатдор  шуморидани ӯ боис  мегарданд, худдорӣ намояд:

-корманди Вазорат, ки дар мансаби роҳбарикунанда  фаъолият менамояд, ҳангоми  интихоб  ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар мақомоти давлатӣ вазифадор аст, ки ба зуҳуроти  маҳалгароӣ ва таъини кадрҳо  аз рӯи нишонаҳои  садоқати шахсӣ роҳ надиҳад.

-дар баробари вазифаи асосӣ, ҳамзамон иҷрои  дигар кори музднок  (ба истиснои  фаъолияти  илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгорӣ) машғул нашавад.

-корманди  Вазорат ӯҳдадор  аст. ки ҳар сол   ба мақомоти  андози  маҳалли  зист  эъломия оид ба  андоз  аз даромад  ва ба мақоми давлатии  Ҷои  кор  эъломия  оид ба вазъи  молу мулк  пешниҳод намояд:

-корманди Вазорат ӯҳдадор аст, ки дар вақти муқарраргардида ба кор ҳозир шавад, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок кунад ва интизоми меҳнатро аз рӯи  меъёрҳое, ки Кодекси меҳнати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон пешбинӣ намудааст,  амалӣ намояд:

-тарзи либоспӯшии худро аз рӯи  меъёрҳои муқарраргардида  ба роҳ монад.

III. Фаъолияти ғайрихизматии

  корманди Вазорат

  1. Корманди Вазорат ӯҳдадор аст:
  2. Урфу одат ва анъанаҳои халқу миллатҳои  гуногунеро, ки дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунат доранд, эҳтиром намояд, барои дӯстӣ ҳамбастагии  ин халқу  миллатҳо саҳмгузор бошад.
  3. Ҳангоми гузаронидани тӯй, анъана, Ҷашн ва маъракаҳо  муқаррароти  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи танзими  анъана  ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро  бо пуррагӣ риоя намояд.

13.Берун  аз адои вазифа аз мавқеи ҷойгиршавӣ  ва мансаби  хизматиаш  сӯйистифода  нанамояд ва шахсони дигарро  ба таҳлука наандозад.

  1. Дар гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоии  ғайриқонунӣ, ки  боиси  вайрон гардидани тартиботи  ҷамъиятӣ мегардад, иштирок нанамояд.
  2. Фарзандонашро дар  рӯҳияи  инсондӯстӣ, садоқат ба ватан  ва ба халқу миллати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  тарбия намуда,  баҳри дар сатҳи дахлдор  таълим гирифтани  онҳо  чораҳои  таъхирнопазир андешад.
  3. IY. Масъулияти корманди Вазорат

барои  вайрон  намудани  талаботи   Кодекси мазкур

  1. Риояи номатлуби Кодекси мазкур  боиси  дар тавсифномаи  корманди Вазорат қайд  гардидани  кирдори ӯ мегардад, ки ҳангоми  аз аттестатсия  гузаштан ва ба  мансаби  дигар  гузаронидани корманд ба инобат гирифта мешавад.
  2. Барои содир намудани кирдорҳои интизомӣ,  маъмурӣ ва ҷиноятӣ корманди Вазорат мувофиқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.