Лоиҳаи “Азнавсозии НБО-и хурди “Тоҷикистон” (Оқ-Су) дар ноҳияи Мурғоб”

Масъалаи беҳ намудани  таъминоти нерўи  барқ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии ноҳияи Мурғоби ВМКБ (дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр) мавриди  таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита дар маркази диққати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шудааст.

Бо мақсади беҳсозии таъминоти муштариёни ин ноҳияи баландкӯҳ бо қувваи барқ дар чаҳорчӯбаи ҳамкории молиявии байни  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Олмон аз ҷониби яке аз бонкҳои бонуфузи ин кишвар — Бонки рушди Олмон (KfW) маблағи зарурӣ дар ҳаҷми 7,4 млн. Евро барои азнавсозӣ намудани нерўгоҳи барқи обии хурди “Оқ-Су” ҷудо карда шуд.

Дар марҳилаи якум якҷо бо Ширкати мушовирии олмонии “Фихтнер” корҳо вобаста ба асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа ба маблағи 500 ҳазор Евро ба анҷом расонида шуд.

Дар ҳамкорӣ бо  ширкати олмонии NAUE барои паст кардани таъсири  сармо ба обтаъминкунии нерӯгоҳ дар сохтмони канали обгузари 2,6-километра масолеҳи махсуси замонавии сохтмонӣ – геомембрана ва геотекстил (ба маблағи умумии зиёда аз 1 млн. Евро) ва дар ҳамкорӣ бо ширкати “Маккаферри” (Италия) таҷҳизоти замонавии “Рено” (Матрацы Рено) ба маблағи зиёда аз 700 ҳазор Евро харид ва истифода карда шуд.

Дар маҷмуъ, барои татбиқи лоиҳаи азнавсозии нерўгоҳи барқи обии хурди “Оқ-Су”-и ноҳияи Мурғоб дар баробари маблағгузории асосии 7,4 млн. Евро аз тарафи Ҳукумати Олмон, инчунин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Ширкати “Помир-Энерҷӣ” маблағи иловагии 1 млн. 598 ҳазор Евро ҷудо гардид. Ин имкон дод, ки дар баробари иншоотҳои зарурии нерўгоҳ инчунин дар масофаи 25 км хатҳои интиқоли барқи 10 кВ ва дар масофаи зиёда аз 80 км хатҳои интиқоли барқи 0,4 кВ бо истифода аз кабели замонавии СИП пурра азнавсозӣ гардида, дар масофаи 6 км хатҳои интиқоли барқи 10 кВ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Бо дарназардошти аҳамияти нерўгоҳ барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва дигар истифодабарандагони ноҳия ва инчунин бо дарназардошти маҳсули даврони истиқлоли кишвар будани иншоот бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерўгоҳ номи “Тоҷикистон” гузошта шуда, санаи 13.09.2018 бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон НБО-и хурди “Тоҷикистон” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.