Баргузории ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Далер Ҷумъа ҷаласаи тантанави бахшида ба Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар суханронии худ Далер Ҷумъа кормандон ва сохторҳои дахлдори дастгоҳи марказии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори ин санаи фархунда, ки ҳамасола 16-уми ноябр ҷашн гирифта хоҳад шуд, ҳамагонро  табрику муборакбод менамуданд.

Тавре ҳамагон огаҳӣ дорем, ки санаи 15-уми апрели соли 2016 ба моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид карда шуд, ки тибқи он 16-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон карда шуда, дар кишвар минбаъд ҳамасола таҷлил карда хоҳад шуд. Сабаби ҷашни муборак дар он аст, ки  дар ҳамин рӯзи таърихӣ 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халку Ватан савганд ёд карданд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳозиронро инчунин ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷалб намуда, илова кард, ки бо шарофати ӯ эътибори байналмилалии Тоҷикистон боло меравад.