Баргузории нахустин вохўриҳои вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай

Санаи 12 августи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии ҷониби Точикистонӣ вохўрии нахустини вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, тариқи маҷозӣ баргузор гардид.
Дар кори он намояндагони вазорату идораҳои кишварҳои аъзои созмони ҳамкориҳо Шанхай, аз ҷумлаи намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нафт ва гази табии Ҳиндустон, Ваорати энергетикаи Қазоқистон, Вазорати энергетика ва саноати Қирғизистон, Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон, Вазорати энергетикаи Федератсияи Россия, Вазорати энергетикаи Узбекистон, Роҳбари Саридораи идоракунии энергетикии Хитой ва муовини Котиби генералии Созмони ҳамкориҳо Шанхай иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сароғоз Далер Ҷумъа – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, иштироки намояндагонро дар вохўрии нахустини вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай хайрамақдам гуфт. Мавсуф ҳамчунин қайд намуд, ки ба хуруҷи навбатии пандемияи Коронавирус нигоҳ накарда, кишварҳои аъзои СҲШ ҳамкориҳои худро дар соҳаи энергетика вусъат бахшида истодаанд. Таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо имконияти бароҳандозии муколамаи боз ҳам зичтарро байни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҷиҳати баррасии ҳолати кунунии ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, баланд бардоштани сатҳи амнияти энергетикӣ, мусоидат дар устуворсозии сохтори энергетикӣ ва муайяннамоии самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои амалӣдар соҳаи энергетика фароҳам меоварад.
Дар ҷараёни ҷаласа фикру андешаҳои дигар иштирокчиёни вохӯрӣ вобаста ба вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи энергетикаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай иброз гардид.
Бояд иброз дошт, ки ҳадафи асосии вохўрии мазкур ин баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои ба рушди минбаъда дар соҳаи энергетика алоқаманд бо такя ба иқтидори назарраси энергетикӣ дар ҳудуди Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва ҳамчунин муқаррар намудани ҳадаф ва вазифаҳо, принсипҳо, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо ва механизмҳо амалисозии ҳамоҳангсозии мақомоти кишварҳои аъзои СҲШ, ки дар соҳаи энергетика фаъолият мебаранд, иборат буд.
Бояд ёдовар шуд, ки аз моҳи ноябри соли 2020 инҷониб Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай таҳти шиори «20 соли Созмони ҳамкориҳои Шанхай: ҳамкорӣ ба хотири устуворӣ ва рушд» мақоми раисӣ дорад.