Дастовардҳои 30 – соли соҳибистиқлолӣ

Дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо дастгирӣ, азму талош ва ғамхориву ҳидоятҳои неку созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин бо  шарофати ваҳдату ягонагӣ ва истиқлолият, Тоҷикистони азизи мо ба марҳилаи нави созандагию бунёдкорӣ қадам гузошт ва ба хотири пойдории истиқлолияти воқеии мамлакат бунёди як силсила иншоотҳои тақдирсоз ва сохтмонҳои бузурги дорои аҳамияти умумидавлативу байналмилалӣ идома дода шуд, ки онҳо пешомади кишварро дар дурнамои наздик муайян ва роҳнамоӣ менамоянд.

Мусаллам аст, ки ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ муваффақияти бузург ва дар навбати худ мояи ифтихори ҳар яки мо шаҳрвандони Тоҷикистон аст, зеро маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба бунёди  ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва шаҳрвандиву озод оғоз намуд.

Албатта, ҳар иқдоми навбатӣ ва ҳар дастоварди нав ба осонӣ муяссар намегардад. Тоҷикистон ҳар хишти бинои Истиқлолиятро бо заҳматҳои гарон бар ҳам овардаву ҳар қадами навбатиро баҳри расидан ба ин қуллаи мурод ба сад мушкилӣ паймудааст. Ва ин амри табиист, зеро бинои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар марҳилаҳои навбатии оянда бояд дорои тарҳу симои хосаи худ бошад, таърихи гузаштаву тақдири ояндаи миллатро инъикос намояд.

Аз ҳама муҳим ва хурсандиовараш ин аст, ки дар кишвари мо сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, рӯҳияи сарҷамъии миллат ва мароми созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост, ки ин бешубҳа имконияти пешбурди амалҳои некро дар ҳамаи соҳаҳо фароҳам меоварад.

Ногуфта намонад, ки Тоҷикистони азизи мо маҳз дар даврони соҳибистиклолӣ ба муваффақиятҳои бузург дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла обу энергетика ноил гардид. Барои рушду инкишофи сохаи энергетика – ҳамчун соҳаи афзалиятноку муҳими иқтисоди кишвар, дар ин давра як қатор тадбирҳои муассиру созанда, аз ҷумла азнавсозиву барқароркунии иқтидорҳои истеҳсолӣ ва шабакаҳои интиқоли нерӯи барқ амалӣ карда шуданд.

Аз ҷумла, ҷиҳати ҳалли норасоии шадиди нерӯи барқ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани рушди босуботи иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва дар ин замина ноил гардидан ба Истиқлолияти энергетикӣ, корҳои барқарорсозиву сохтмонӣ дар иншоотҳои азими тақдирсоз тибқи талаботҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шуданд.

Бо итминони комил метавон иброз дошт, ки баҳри таъмини бемайлони аҳолии кишвар бо нерӯи арзону аз лиҳози экологӣ тозаи нерӯи барқ, афзоиши иқтидорҳо ва ноил гардидан ба Истиқлолияти комили энергетикӣ давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ сохтмону баистифодадиҳии як қатор иншоотҳои бузурги тавлидоти нерӯи барқ ба роҳ монда шуданд, ки онҳо бо истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза, ба рушди устувори иқтисодиёти мамлакат такони ҷиддӣ бахшиданд.

Бояд таъкид дошт, ки Давлату Ҳукумат ва миллати сарбаланди тоҷик дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри ҳалли мушкилоти энергетикӣ, ноил гардидан ба Истиқлолияти энергетикӣ ва равшану гарму чароғон намудани ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ бо истифода аз тамоми имкониятҳо камари ҳиммат баста, ба дастовардҳои зерин ноил гардид.

Дар ин давра, дар соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳурӣ 34 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 57,2 млрд. сомонӣ татбиқ гардида, барои соҳа дастовардҳои мусбиро ба бор оварданд.

Муҳимтарин дастовардҳо ин, мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди нерӯи барқ, ба монанди ду агрегати иншооти азими аср – н, нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» (670 МВт), «Сангтӯда-2»  (220 МВт), «Помир-1» (28 МВт), «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 2» (400 МВт), 274 адад нерӯгоҳи барқи обии хурд (бо иқтидори умумии 23,2 МВт), сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500 кВ «Душанбе-500», «Суғд-500», дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ дар НБО-и Норак ва Роғун, хатҳои интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол» (ба масофаи 263,8 км), «Роғун-Душанбе» (ба масофаи 198 км)  зеристгоҳҳои барқии 220 кВ «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран-2», «МОИ Данғара», дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ дар нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум», хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор-Хатлон» (53,3 км) «Тоҷикистон-Афғонистон» (116 км), «Хуҷанд–Айнӣ» (83,2 км), «Қайроққум-Ашт» (74 км), «Геран-Румӣ» (78 км), «Қайроққум-Суғд» (63,3), «Айнӣ-Рудакӣ» (95 км), «Сангтуда 1 – МОИ Данғара» (15,9 км) ва «Шар-Шар – МОИ Данғара» (23 км) ба масофаи умумии 604,7 км ба шумор мераванд.

 

Инчунин, мувофиқи нақша дар дурнамои наздик мавриди истифода қарор гирифтану оғози корҳо дар дигар иншоотҳои нави тавлиди нерӯи барқ, ба монанди навбати боқимонда агрегатҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун, НБО “Себзор” (11 МВт), таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум» ва лоиҳаи байниминтақавии интиқоли неруи барқи САSA 1000 (252 км), «Ҷорӣ намудани низоми автоматии идоракунӣ ва назорати нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ”,  пешбинӣ гардидааст.

Тавре қайд намудем, бе рушди соҳаи электроэнергетика рушду нумӯи иқтисодиёти кишвар ғайриимкон аст. Беҳуда энергетикаро локомотив ва пешбарандаи иқтисодиёт номбар накардаанд. Дар ин раванд, ҳамчунин баҳри таъмини бемайлони сокинони куҳандиёри тоҷикон бо нерӯи арзону аз лиҳози экологӣ тозаи барқ, афзоиши иқтидорҳо ва ноил гардидан ба Истиқлолияти комили энергетикӣ давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ сохтмону баистифодадиҳии як қатор иншооти бузурги тавлидотии нерӯи барқ ба роҳ монда шуд, аз ҷумла:

  1. Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1”. Бунёди ин нерӯгоҳ аз ҷиҳати сохту иқтидор ва манфиату аҳамият бешубҳа мавқеи аввалинро дар кишварамон соҳиб аст. Он дар силсиланерӯгоҳҳои барқу обӣ дар дарёи Вахш нерӯгоҳи панҷум ба шумор рафта, 20 январи соли 2008, се моҳ пеш аз муҳлат агрегати якуми нерӯгоҳи мазкур мавриди истифода қарор дода шуда, 1-уми июли соли 2008 агрегати дуюм, 5-уми ноябри ҳамон сол агрегати сеюмаш ва 31-уми июли соли 2009 бошад, агрегати чоруми он бо иштироки бевоситаи Сарони олии ду кишвар – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти ҳамонвақтаи Федератсияи Россия, ҷаноби Дмитрий Медведев расман ба истифода дода шуд.
  2. Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда 2». Дигар аз дастоварди бузург дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ин мавриди истифода қарор додани нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда – 2” ба шумор меравад, ки санги асоси он 20 –уми феврали соли 2006 гузошта шуд.  Нерӯгоҳи мазкур бо харҷи 318,9 млн. доллари ИМА бунёд гардида, 5 сентябри соли 2011 агрегати якум ва  10 сентябри соли 2014 агрегати дуюми он бо иштироки Роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаноби Ҳасан Руҳонӣ расман ба истифода дода шуд.
  3.  Сохтмони навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии  Душанбе 2. Моҳи августи соли 2012 бо ҶСК «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой вобаста ба бунёди навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии  Душанбе – 2 бо иқтидори 100 МВт шартнома  ба имзо расид. Иншооти мазкур бо тавоноии истеҳсоли  100 МВт нерӯи барқ ва 67,95 Гкал энергияи гармӣ бо харҷи 178 миллион доллари америкоӣ бунёд гардида, агрегати якуми он моҳи январ ва агрегати дуюмаш бошад, моҳи сентябри соли 2014 бо иштироки бевоситаи Сарони ду кишвар – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷаноби Си Ҷинпин расман мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, ба сохтмони навбати дуюми ин иншооти муҳими  энергетикӣ бо иқтидори 2х150 МВт санги асос гузошта шуд. Навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе – 2 бо тавоноии истеҳсоли   300 МВт нерӯи барқ ва 167,9 Гкал энергияи гармӣ бо харҷи 326 миллион доллари америкоӣ соли  2016 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

  • Лоиҳаи бунёди хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол» ҳамчуни лоиҳаи калидии соҳа, ба масофаи 263,82 км ва ду адад зеристгоҳи барқии 500 кВ (“Душанбе-500” ва “Суғд-500”) ва харҷи 281,3 миллион доллари ИМА бунёд гардида, он 29 ноябри соли 2009 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон расман мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
  • Неругоҳи барқи обии “Помир-1”. Навбати якуми неругоҳи мазкур (ду агрегат, бо иқтидори 7 МВт) бо тавоноии 14 МВт соли 1994 ва соли 2005 бошад, навбати дуюми он бо тавоноии 14 МВт мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
  • Моҳи майи соли 2006 бунёди хати интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор-Хатлон» оғоз гардид. Хати интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор-Хатлон» ба масофаи 56,34 км ва ду адад зеристгоҳи барқии 220 кВ бо харҷи 66,7 миллион доллари америкоӣ бунёд гардида, санаи 17 июни соли 2009 иншооти мазкур мазкур пеш аз муҳлат бо иштироки бевоситаи Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа, таъминоти нерӯи барқ дар минтақаи Кӯлоб дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, шабакаҳои барқии мавҷудбуда аз серборӣ озод ва ҳалқаи энергетикӣ дар қисмати кишвар таъмин карда шуданд.
  • Бо маблағгузории дохилӣ ва ҷалби шарикони рушд моҳи январи соли 2010 бунёди хати интиқоли барқи 220 кВ «Тоҷикистон-Афғонистон» оғоз гардида, қисмати тоҷикистонии он ба масофаи 116 км моҳи феврали соли 2011 ба анҷом расид. Бо ба анҷом расидани корҳои сохтмонии қисмати афғонистонии лоиҳа, хати интиқоли барқи мазкур 27 октябри соли 2011 расман мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа низоми энергетикии кишвар аз қисмати Панҷи поён  ба низоми энергетикии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пайваст гардида, барои содироти неруи барқ дар фасли тобистон ва пайдо намудани мавқеъ дар бозори минтақавии фурӯши неруи барқ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Лоиҳа бо харҷи 25,0 млн. доллари ИМА татбиқ гардида, аз лаҳзаи истифодадиҳӣ то охири соли 2020 тавассути ин хати интиқоли барқ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зиёда аз 8 миллиард кВт/соат нерӯи барқ ба маблағи умумии 336,5 млн. доллари ИМА таҳвил дода шудааст.

Бо дарназардошти ин, маврид ба зикр аст, ки барои боз ҳам беҳтар намудани соҳаи электроэнергетикаи кишвар ва пурра ноил гардидан ба Истиқлолияти воқеии энергетикӣ талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассиру баҳснопазир аст.

Маҳз кӯшишҳои ин роҳбари оқилу дурандеш буд, ки созмонҳои байналмилаллии молиявӣ барои беҳбудии тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо маблағгузорӣ менамоянд, ки соҳаи энергетика низ аз он истисно нест.

Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои бузурги неруи обӣ буда, дар ҳолати истифодаи пурраи ин иқтидор дар ояндаи наздик пурра имкон фароҳам меояд, ки ҳам ба давлатҳои ҳамсоя нерӯи барқ ба андозаи боз ҳам зиёд интиқол дода шуда ва ҳам эҳтиёҷоти иқтисодиёти милливу аҳолӣ пурра таъмин ва вазъи молиявии сокинон ба маротиб беҳтар гардад.

Бояд махсус ва бо ифтихор қайд намуд, ки бо сохтмону пурра баистифодадиҳии иншооти тақдирсози миллат, Кохи нур, мароми сарҷамъии миллат – Неругоҳи барқи обии “Роғун”  тамоми мардуми шарифи диёри маҳбуб ва ҳатто дурдасттарин гӯшаҳои ин Ватани маҳбуб бо неруи шабонарӯзии барқ таъмин хоҳанд гардид.

Дар баробари ин, барои интиқоли барқ дар мавсими  тобистон аз кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон татбиқи лоиҳаи  байниминтақавии CASA – 1000 пешбинӣ гардидааст. Асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи минтақавии CASA – 1000 аз ҷониби ширкати канадагии SNC Lavalin таҳия гардида, бо қарори Шӯрои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии CASA – 1000 моҳи сентябри соли 2011 тасдиқ гардид.  Татбиқи ин лоиҳа самти муҳими рушди ҳамкориҳои мо бо кишварҳои Қирғизистон ва Афғонистону Покистон дар соҳаи энергетика ба ҳисоб рафта, пурра амалӣ гардидани ин ҳадаф имконият фароҳам меорад, ки Тоҷикистон баъд аз ба итмом расонидани сохтмони иқтидорҳои бузурги энергетикӣ таҳвилу содироти ҳаҷми боз ҳам бештари неруи барқи изофагиро ба ин кишварҳо ва умуман ба минтақа пайдо менамояд.

Мувофиқи лоиҳа фурӯшандагони неруи барқ – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон имкон пайдо менамоянд, ки дар давраи фаровонии нерӯи барқ аз моҳи апрел то моҳи октябр 5 млрд. кВт соат (аз ҷумла, тақрибан 3 млрд. кВт соат Тоҷикистон ва 2 млрд. кВт соат Қирғизистон) неруи барқро ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон таҳвил диҳанд.

Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва кӯшишу заҳматҳои самараовари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба мо муяссар гардид, ки шабакаҳои барқии ҷануб ва шабакаҳои барқии шимоли кишвар тавассути хати интиқоли барқи 500 кВ пайваст гардида, амнияти энергетикии вилоят таъмин ва дар кишвар низоми  ягонаи  энергетикӣ таъсис дода шавад.

Сарвари давлат борҳо хотиррасон намудаанд, ки дастрасӣ ба энергия дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор нақши калидӣ дошта, хусусан барои минтақаҳои куҳистон ба масъалаи муҳимтарини рӯз табдил ёфтааст.

Дар ин раванд, махсус мебояд қайд намуд, ки соҳаи энергетикаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таърихи зиёда аз садсола дошта, якумин дастгоҳи хурди барқӣ ҳанӯз соли 1910 дар поёноби чашмаи Хуфак дар шаҳри Хоруғ омодаи кор гардонида шуда буд. Сипас, соли 1913 дар поёноби ҳамин чашма неругоҳи хурди барқӣ сохта шуд, ки аз он танҳо идораҳои алоҳида ва баъзе манзилҳои истиқоматии соҳили рости дарёи Ғунд истифода мебурданд.

Бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ таъмини истгоҳҳои дизелӣ бо маводи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ғайриимкон гардида, тамоми истгоҳҳои дизелӣ пурра аз кор бозмонданд. Инро ба назар гирифта, Ҳукумати мамлакат масъалаи сохтмони неругоҳи барқи обии «Помир–1»-ро ба миён гузошт. Бунёди нерӯгоҳи мазкур соли 1985 оғоз гардида, мебоист то охири соли 1991 пурра ба анҷом расонида мешуд, вале аз сабаби ба амал омадани бесарусомониҳои ба ҳамаи мо маълум сохтмони он мавқуф гузошта шуд.

Дар натиҷа, бо талошҳои пайгирона ва иштироки бевоситаи Сарвари хирадманду дурандеш, пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 марти соли 1994 ду генератори нахустини ин нерӯгоҳ бо тавоноии умумии 14 ҳазор кВт ба кор дароварда шуданд.

Давоми солҳои навадуми қарни гузашта дар вилоят ҳамчунин боз ду неругоҳи хурди барқи обӣ дар ноҳияи Ванҷ – «Техарв» (соли 1995) бо тавоноии 360 кВт ва «Андарбак» (соли 1997) бо иқтидори 300 кВт мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Ҳамчунин, барои аз байн бурдани мушкилиҳо Ҳукумати кишвар таҷдиди сохтори идоракунии низоми мавҷудаи энергетикиро дар ҳудуди вилоят муҳим шуморид. Дар робита ба ин, соли 2002 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд нахустин лоиҳаи шарики давлат ва бахши хусусиро роҳандозӣ намуда, барои дар амал татбиқ намудани он ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир – Энерҷӣ» – ро таъсис доданд.

Ҳамчунин, давоми солҳои 2015-2016 нерӯгоҳҳои барқи обии хурди аз заминҷунбӣ зарардидаи водии Бартанг – “Пасор”, “Савноб”, “Басид”ва “Сипонҷ” азнавсозӣ шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Илова бар ин, санаи 13 сентябри соли 2018 дар ноҳияи дурдасти Мурғоб бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неругоҳи барқи обии хурди “Тоҷикистон” бо иқтидори 1500 кВт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Неругоҳи мазкур аз лиҳози ҷуғрофӣ яке аз неругоҳҳои баландтарин дар Осиёи Марказӣ буда, дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир гардидааст.

Соли 2020 бошад, дар яке аз деҳаҳои калонтарини водии Бартанг–деҳаи Рошорв неругоҳи барқи обии хурди нави “Хатфат” бо тавоноии 450 кВт сохта ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҷиҳати минбаъд беҳтар намудани таъминоти барқ дар қаламрави Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва афзоиш додани содироти он ба деҳоти наздисарҳадии давлати ҳамсояи Афғонистон имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалисозии лоиҳаи сохтмони неругоҳи барқи обии “Себзор” бо тавоноии 11 МВт идома дошта, мувофиқи нақша дар нимсолаи аввали соли 2023 мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад.

 

Дар маҷмуъ, тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ҳудуди вилоят  31 080 кВт иқтидорҳи нави тавлиди нерӯи барқ, аз ҷумла неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб  бо иқтидори 200 кВт бунёд гардида, 13592 кВт иқтидорҳои мавҷудбуда таҷдиду азнавсозӣ карда шуданд. Бояд қайд намуд, ки иқтидорҳои амалкунандаи истеҳсоли неруи барқ дар ҳудуди вилоят 100 фоиз аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергияи барқ мебошанд, ки ин дар шароити тағйирёбии иқлим дар сайёра масъалаи муҳим ва қобили таваҷҷуҳ арзёбӣ мегардад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ислоҳоти соҳа ҷиҳати ҷорӣ намудани механизмҳои муосири бозорӣ, тиҷоратикунонии соҳа, ташаккули бозори энергетикӣ ва фазои рақобат байни иштирокчиён, таъмини шаффофият дар системаи энергетикӣ ва таъмини рушди устувори соҳа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, №431 «Нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори идоракунии ШСХК «Барқи Тоҷик»» барои солҳои 2011-2018 тасдиқ карда шуд. Дар доираи татбиқи нақшаи мазкур бо гузаштани тамоми равандҳои муҳими ислоҳот  бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2018, №234, аз 22 июни соли 2019, №330 ва аз 1 майи соли 2020, №259 мутаносибан ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» таъсис дода шуда, Оиннома ва низомномаи Шӯрои нозирони онҳо тасдиқ карда шуд.  Бо натиҷаҳои ислоҳоти роҳандозигардида, айни замон, дар бозори энергетикии кишвар ширкатҳои алоҳидаи самти фаъолият – ШСХК “Барқи Тоҷик” вобаста ба истеҳсоли неруи барқ,  ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ»  вобаста ба интиқоли неруи барқ (дар сатҳи шиддати 500/220/110 кВ)  ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» вобаста ба тақсимоти нерӯи барқ (сатҳи шиддати 35/10/6/0,4 кВ) фаъолият намуда истодаанд. Бо натиҷаи тадбирҳои дар доираи ислоҳоти соҳа андешидашуда, дар самти ҷамъоварии маблағи энергияи барқ натиҷаҳои назарраси мусбӣ ба даст оварда шуд. Аз ҷумла, бо натиҷаҳои 7 моҳи соли 2021 дар умум ҷамъоварии маблағи энергияи барқ 93,2% ё 1 млрд. 781 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 701,1 млн. сомонӣ ё 101,9%-ро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 204,9 млн. сомонӣ  ё  13 % зиёд мебошад.

Дар ҷумҳурӣ дар соҳаи кашф, пармакунӣ, таъмиру барқарорсозии чоҳҳо, истихроҷ ва коркарди нафту газ дар 30 соли истиқлолият 25 корхона бо 2700 ҷойҳои кори доимӣ таъсис дода шудааст.

Бо фароҳам омадани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи нафту газ дар ин муддат бо кӯмаки сармоягузорони хориҷиву ватанӣ, маҷмӯи корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва пармакунии чоҳҳо ба роҳ монда шудааст.

Дар даврони соҳибистиқлолият аввалин маротиба дар қисми шимоли Тоҷикистон аз ҳисоби маблағгузории буҷаи ҷумҳурӣ аз ҷониби корхонаҳои соҳави ҶСК «Нафту газ» ва ҶСК «Суғднафтугаз» дар чоҳи №17 майдони Маҳрам корҳои пармакунӣ то чукурии 4900 метр расонида, мавҷудияти қабатҳои маҳсулотноки нафту газ тасдиқ гардидааст.

Дар баробари корҳои иктишофӣ-геологӣ дар самти сохтмони корхонаҳои коркарди нафт 22 адад корхонаҳои хурд ва азим ба монанди ҶДММ “Тиенг -Лонг”, ҶДММ “Сомон Нефт”, ҶДММ “Шоҳон”, ҶДММ «Капитал» ва ҶДММ “Нафтрасон” бо иқтидорҳои аз 20 000 то 100 000 тонна дар як сол ба истифода дода шудаанд.

Инчунин, сохтмони корхонаи коркарди нафт аз ҷониби ширкати “Хэли” аз Ҷумҳурии Халқии Хитой бо иқтидори 1 млн. 200 ҳазор тонна коркарди солонаи нафт дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” давом дорад, ки марҳилаи аввали он бо иқтидори 500 ҳазор тонна омода ва ба истифода хоҳанд дод.

Дар ин давра бо мақсади таъминоти аҳоли бо маҳсулоти нафтии хушсифат Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ҷиҳати воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба ҷумҳурӣ бидуни боҷи гумрукӣ ба имзо расонида шудааст, тибқи он воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба кишвар аз ҷониби ширкатҳои ватании воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ, соҳибкорон ба роҳ монда шудааст. Инчунин барои таъминоти кишвар бо маҳсулоти нафти бо мақсади воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ бо кишварҳои ҳамсоя ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 1483 адад нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти нафти ва гази моеъ ба истифода дода шудааст, аз ин ҳисоб 912 ҷойи нави корӣ ташкил шудааст.

Бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти корхонаҳои саноатӣ ва Маркази барқу гармидиҳии №1 ш. Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» бо Ширкати саҳомии «Узтрансгаз»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шартнома оид ба харид ва интиқоли гази табииро ба имзо расонид, ки тибқи он корхонаҳои азими саноатии ҷумҳурӣ бо гази табиӣ таъмин карда шудаанд.

Дар маҷмуъ, бояд иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги барқароршавандаи гидроэнергетикӣ ва дигар захираҳои тавлидкунандаи нерӯи барқ мебошад, ки ҳангоми мавриди истифода қарор додани онҳо мамлакати мо натанҳо эҳтиёҷоти худиро бо нерӯи барқ пурра қонеъ мегардонад, инчунин имкон пайдо мекунад, ки содироти онро ба хориҷи кишвар ба роҳ монда, дар ин замина имконоти мусоидро барои рушди иқтисоди кишвар ба даст орад. Маълум аст, ки беҳтаргардии сатҳи зисту зиндагии мардум, рушди бонизоми соҳаҳои мухталифи кишвар дар замони муосир аз  соҳаи энергетика вобастагии зич дорад. Танҳо он ҳангом мо бо дастовардҳои назаррасе дар ин соҳа дастёб мегардем, ки мутахассисони  баландпоя дар ин  соҳаи мазкур тарбият ёфта, саҳмгузор дар рушди устувори он гарданд.

Маврид ба қайд аст, ки нақши калидии Пешвои муаззами миллат дар соҳаи об, баланд бардоштани самаранокии идоракунии захираҳои об, ҳифзи захираҳои обӣ бениҳоят муассир аст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои обӣ, аз он ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, Ҳадафи шашуми рушди устувор – “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бахусус Созмони Миллаи Муттаҳид ҳамовозӣ пайдо намуданд.

Имрӯз баҳри таъмини рушди соҳаи об дар Тоҷикистон зиёда аз
25 лоиҳа бо маблағи умумии 410 млн. доллари ИМА татбиқ шуда истодаанд.

Махсус мебояд қайд намуд, ки ҳама сарҷамъу якдилона баҳри дар ҳаёт татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки баҳри боз ҳам пешрафту тараққӣ, ободу нурафшон гардидани ин мулки куҳан ва некуаҳволии мардуми шарифи тоҷику тоҷикистонӣ равона карда шудааст, кӯшишу ғайрат намоем, то ба дастовардҳои боз ҳам баланди меҳнатӣ ноил гардида, мақому мавқеи Ватани маҳбубро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар бардорем.