Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси вазирони 9-умин Форуми ҷаҳонии об ширкат варзид

21 марти соли 2022 Конфронси вазирон дар доираи Форуми 9-уми ҷаҳонии об, ки дар шаҳри Дакари Ҷумҳурии Сенегал баргузор шуда истодааст, доир гардид. Конфронси мазкур яке аз чорабиниҳои муҳимтарин ва калидии Форум ба шумор меравад.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни суханронии худ дар ин чорабинӣ мушкилоти мавҷудаи обро дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла таъсири манфии тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, буҳронҳои молиявӣ ва иқтисодии солҳои охир қайд намуда, ҳамзамон оид ба бӯҳронҳои солҳои охир, ҳамкориҳои нокифояи фаромарзӣ дар соҳаи об ва дар маҷмӯъ, усулҳои ѓайрисамараноки идоракунии об таъкид намуд. Барои ҳалли мушкилоти дар боло зикршуда ва таъмини амнияти об барои сулҳу рушд тадбирҳо ва тавсияҳои мушаххас пешниҳод шуданд. Аз ҷумла, бо дарназардошти обшавии фаъоли пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳон, зарурати таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо зикр гардид, ки он метавонад барои андешидани тадбирҳои зарурӣ ва татбиқи вазифаҳо дар ин самт имкони сафарбар намудани захираҳои молиявӣ аз манобеъи гуногунро имконпазир гардонад.

Бо истифода аз фурсат, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вазирон ва роҳбарони ҳайатҳои ҳозиринро барои иштирок дар Конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018- 2028, ки 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

Бо натиҷаҳои Конфронси мазкур нақшаи амали вазирон қабул карда шуд.