Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 9-уми ҷаҳонии об стенди намоишӣ ташкил намуд.

21 марти соли 2022 дар доираи Форуми 9-уми ҷаҳонии об, ки дар шаҳри Дакари Ҷумҳурии Сенегал баргузор мегардад, павилони намоишгоҳ дарҳои худро ба рӯи иштирокчиёни форум боз намуд, ки дар он Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Точикистон стенди намоишии худро ташкил кард.

Ҳадафи асосии ин стенди намоишӣ иттилоотонии иштирокчиёни Форум дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадаф ва вазифаҳои Конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018 -2028, ки рӯзҳои 6-9 июн дар Душанбе баргузор мегардад, мавҷудияти иқтидори обӣ ва гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи ислоҳоти бахши оби кишвар ба шумор меравад.