Мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо вазири захираҳои оби Ҳиндустон

21 марти 2022 дар шаҳри Диамниадиои Сенегал ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода дар ҳошияи 9-умин Форуми ҷаҳонии об бо вазири захираҳои оби Ҷумҳурии Ҳиндустон Гаҷендра Сингҳ Шехават мулоқот намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар заминаҳои гуногуни соҳавӣ баррасӣ шуда, пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Мин-ҷумла, ҳадафу нақши Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (Душанбе, 6-9 июни соли 2022) дар баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об муҳим арзёбӣ гардид.