Иштироки Далер Ҷумъа – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми сатҳи баланд оид ба об

Дар доираи Конфронси Созмони Миллали Муттаҳид оид ба уқёнус санаи 27 июни соли равон дар шаҳри Лисабони Португалия Симпозиуми сатҳи баланд оид ба об баргузор гардид.
Симпозиуми мазкур бо сухани ифтитоҳии вазири муҳити зист ва иқлими Португалия, ҷаноби Дуарте Кордейро, вазири кишоварзӣ, чорводорӣ, моҳипарварӣ ва кооперативҳои Кения, ҷаноби Франсис O. Овино, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Далер Ҷумъа ва муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҷаноби Лю Женмин оғоз гардид.
Далер Ҷумъа – вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар доир ба кӯшишҳои Тоҷикистон давоми ду даҳсолаи охир ҷиҳати пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд, раванди татбиқи ташаббуси чоруми Пешвои миллат оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 – 2028, натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақом ва аҳамияти пиряхҳо дар ҳифзи захираҳои об ва ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2025 – соли байналмиллалии муҳофизати пиряхҳо, баромад ва суханронӣ намуд.
Маврид ба қайд аст, ки Симпозиуми мазкур яке аз чорабиниҳои муҳимми тадорукотӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ба шумор меравад.
Баъдан, симпозиум дар 3 мизи мудаввари сатҳи баланд дар мавзӯъҳои “Синергия байни ҲРУ6 ва ҲРУ14 – диди ҳамгирошудаи тамоми давраи гидрологӣ: таҳкими равишҳои байнисоҳавӣ барои суръат бахшидан ба татбиқи ҳадафҳои алоқаманд, аз ҷумла маблағгузорӣ ва идоракунӣ”, “Хизматрасонии таъминоти об ва санитарӣ пайвандгари ҲРУ6 ва ҲРУ14” ва “Шарикии мавҷудаи муваффақ ва инноватсионӣ барои дастгирии татбиқи ҲРУ6 ва ҲРУ14: мушкилот, имкониятҳо ва амалҳо” кори худро идома дод.