Ҷаласаи васеъ дар мавзуи корхои фахмондадиҳӣ оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм

Санаи 2 марти соли 2022 дар бинои дастгоҳи марказии Вазорати энергетика ва захирахои об ҷаласаи васеъ дар мавзуи корхои фахмондадиҳӣ оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм гузаронида шуд. Экстремизм ва терроризм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи кишвар гаштааст, коста шудани маърифату худогохди ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси шомил онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад.
Бинобар ин, таъкид карда шуд, ки таълиму тарбияти ҷавонон дар рўҳияи меҳанпарастӣ, илму фарҳангдўстӣ ва арзишҳои демократӣ бояд дар ҳукумат ва ҷомеъа диққати аввалиндараҷа дошта бошад.