Вохӯрии Вазир бо Муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат ва энергетика

10 ноябри соли 2022 дар шаҳри Ашқобод дар доираи 11-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону ва Туркманистон дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ вохӯрии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Ҷумъа бо Муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат ва энергетика Ч. Пурчеков баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибаҳои Тоҷикистону Туркманистон, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ,  маҷмӯи ҳамкории энергетикӣ ва саноатӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.