ҶАЛАСАИ ТАҚДИРСОЗ

Санаи 9-уми ноябри соли ҷорӣ бо ибтикори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи ШСХК «Барқи Тоҷик» таҳти раисии муовини Вазири энергетика ва захираҳои об Сорбон Холмуҳамадзода ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он роҳбарият ва масъулини Вазорат, ШСХК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ширкат варзиданд.  Дар ҷамъомади тантанавии мазкур ҳамчунин собиқадорони меҳнат, вакилони халқи вақт, нафароне, ки маҳз дар кори иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ ширкат варзидаву шоҳиди бевоситаи он рӯйдоди муҳим буданд, Мусоева Рафиқа Ғаниевна ва Баҳром Сироҷев иштирок намуданд.

Баъд аз оғози чорабинӣ Раисикунанда – Сорбон Холмуҳамадзода ҳозирин ва меҳмононро хайрамақдам намуда, ҳамчунин иброз дошт, ки  расо 30 сол муқаддам, санаи 16 ноябри соли 1992, бо баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ба таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Иҷлосияи 16-уми тақдирсоз тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон гардид.

Иҷлосия дар қисмати шимоли кишвар дар ҳоле баргузор карда шуд, ки ба миллат ва давлати Тоҷикистон хавфи парокандашавӣ ва аз байн рафтан таҳдид мекард.  Дар он шабу рӯзҳои ҳассос хиради азалии миллати тоҷик  боло гирифт ва дар он Иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Роҳбари  давлати Тоҷикистон интихоб гардиданд. Миллати тоҷик тавонист, ки таҳти роҳбарии ин шахсияти сарсупурдаи миллат дар тамоми арсаҳои давлатдорӣ рушд ёбад ва пояҳои давлатдории навини тоҷикон бо гузашти беш аз ҳазор сол таҳкиму устувор гардад. Маҳз бо шарофати баргузории ин Иҷлосияи сарнавиштсоз ва қабул гардидани санадҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби вакилони мардумии вақт миллати тоҷик ба онҳо такя карда, таҳти роҳбарии Сарвари давлат – сиёсатмадори фарзонаву оқил – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ  ва ягона қадамҳои устувор гузошт.

Сипас, роҳбарияти шабакаҳо, Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ бо навбат ба сухан баромада, ҳозиринро бо ин рӯзи фирӯз табрик намуданд.

Зимни суханрониашон вакилони онвақтаи Шӯрои Олӣ Рафиқа Мусоева ва Баҳром Сироҷев, ки шоҳиди бевоситаи он ҷаласаи сарнавиштсоз буданд, дафтари хотироташонро варақ зада, оид ба ҷараёни кори он ҷаласаи таърихӣ ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуданд.