Вохӯрии Вазир бо Муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, бонкӣ ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ

9 ноябри соли 2022 дар шаҳри Ашқобод дар доираи 11-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону ва Туркманистон дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ вохӯрии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, бонкӣ ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистонро дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва молиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба самтҳои қобили таваҷҷуҳ мувофиқаҳои нав ҳосил намуданд.