Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон мекунад.

  1. Сардори сарраёсат.
  2. Муовини сардори раёсати электроэнергетика.
  3. Сармутахассиси раёсати захираҳои об.
  4. Сармутахассиси раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ
  5. Сармутахассиси бахши котибот.
  6. Мутахассиси пешбари раёсати иқтисод ва дурнамо.
  7. Мутахассиси пешбари раёсати ҳуқуқ.
  8. Мутахассиси пешбари раёсати ҳуқуқ.
  9. Мутахассиси пешбари бахши котибот.
  10. Мутахассиси раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ.
  11. Мутахассиси раёсати захираҳои об.
  12. Мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ.
  13. Мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ.

Ҷамъ: 13 воҳид.

Шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок карданро доранд, ҳуҷҷатҳои зеринро ба Бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорат (кӯчаи Шамсӣ -5/1) пешниҳод намоянд:

  • ариза ба унвони роҳбари мақомот;
  • варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (акси рангаи 3х4, ва 4х6, 4 дона); тарҷумаи ҳол;
  • нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки агар шахс собиқаи меҳнатӣ надошта бошад);
  • маълумотнома оид ба вазъи саломатии (шакли 038УЕ);
  • нусхаи шиноснома;
  • нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
  • нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
  • нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
  • маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулки худ;
  • маълумотнома оиди доғи судӣ.
  • маълумотнома аз ҷои истиқомат.

Эзоҳ: талабот барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ:

– сардори сарраёсат 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

–   муовини сардори раёсат 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

–  сармутахассис 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

–  мутахассиси пешбар 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

–   таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

Сардори сарраёсат – 3300 сомонӣ, муовини сардори раёсат – 2711 сомонӣ, сармутахассис – 1660 сомонӣ, мутахассиси пешбар – 1352 сомонӣ, мутахассис – 1112  сомонӣ муайян гардидааст.

Довталабон маълумоти иловагиро метавонанд аз сомонаи mewr.tj ва телефони 235-97-68 гиранд.