Тақдими туҳфаҳои солинавӣ ба тарбиятгарони мактаб интернати Танобчӣ

Дар арафаи Соли нави мелодии 2023 аз ҷониби роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба сиёсати хайрхоҳонаву ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб интернати Танобчии ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, ки шефигарии онро Вазорат ба зимма гирифтааст, тӯҳфаҳои солинавӣ, маводи озуқа, сарулибоси зимистона ва дигар маводи зарурӣ тақдим карда шуд.    Зимни сухани табрикотӣ ва супоридани туҳфаҳо муовини Вазир – Шарифа Худобахш аз ҷумла иброз дошт, ки мураббиёну омӯзгорон ва кулли дастпарварони ин муассисаи хайркору хайрхоҳро аз номи Вазири энергетика ва захираҳои об ва тамоми кормандони Вазорат ба муносибати Соли нави мелодии 2023 табрик намуда, ба ҳамаагон саломативу сарафрозӣ, осудагиву хушҳолӣ ва дар донишомӯзиву ҳаёти мустақилонаи минбаъдаашон муваффақиятҳои нав ба нав таманно менамоям.

Албатта, барои Роҳбарият ва аҳли коллективи Вазорати энергетика ва захираҳои об бароҳандозии сиёсати саховатмандонаву хайрхоҳона ва ятимпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як амри маъмулӣ гардида, дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳо, дастгирии моддӣ ва расонидани кӯмак ба эҳтиёҷмандон ба ҳукми анъана даромадааст ва ин иқдоми наҷиб новобаста аз ҷашну маросимҳо аз ҷониби роҳбарияти Вазорат минбаъд низ пайваста роҳандозӣ мегардад.

Дар фарҷом, коллективи меҳнатӣ ва дастпарварони муассисаи мазкур миннатдории худро аз ин иқдоми савоб изҳор намуданд.