Вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

Вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал санаи 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Рамзи ягонаи Вохӯрии машваратӣ аз ҷониби президентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҷаласаи сеюм тасдиқ шуда, рамзи ягона муттаҳидии мардуми давлатҳои Осиёи Марказиро инъикос менамояд.