КОНФРОНСИ НУҲУМ ОИД БА ҲАМКОРИИ БАЙНИМИНТАҚАВИИ РОССИЯ ВА ТОҶИКИСТОН

Санаи 2 марти соли 2023 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни он масъалаҳо дар соҳаи энергетика, нафту газ ва инчунин ҳалли масъалаҳои интегралӣ дар соҳаи энергетика ва экология, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии оперативӣ -диспетчерӣ барои баланд бардоштани устуворӣ ва эътимоднокиии системаҳои энергетикии Осиёи Марказӣ, рушди  энергетикаи ҳастаӣ  ва афзалиятҳои энергияи ҳастаӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи энергетикаи бодӣ, масъалаҳои рушди технологияҳои рақамӣ,табодули тарафайни омӯзиши мутахассисон, табодули таҷрибаҳои муваффақ дар самти бунёди манбаъҳои тавлиди неруи барқ, корҳо дар самти истифодабарии васеъи воситаҳои нақлиёти барқӣ, таҷдиду азнавсозии неругоҳҳо ва дигар масъалаҳои мубрами муфиди тарафайн  мавриди баррасӣ қарор дода  шуданд.