ЗАН – МОДАР САРЧАШМАИ ҶОВИДОНАИ ҲАЁТ ВА ОФАРАНДАИ НУРУ ЗИЁ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Вазорат таҳти раисии Ҷамшед Шоимзода муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки кулли кормандони дастгоҳи марказӣ баргузор гардид. Дар сухани ифтитоҳии худ Ҷамшед Шодӣ сароғоз тамоми бонувони Вазорат ва дар шахси онҳо дигар модарону хоҳарон ва тамоми бонувони кишварро ба ифтихори Рӯзи Модар, ки дар остонаи зеботарин фасли сол – баҳори дилафрӯз ва дар арафаи бузургтарин ҷашни миллиамон – Наврӯзи оламафрӯз рост меояд, табрику таҳният гуфтанд.

Қайд карда шуд, ки агар баҳор оғози эҳёи табиат, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба киштукор ва оғози нави корҳои ободониву созандагӣ бошад, пас модар худ оғозгари зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт мебошад. Имрӯзҳо бо дастгирии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвари маҳбубамон барои занону бонувон беҳтарин шароит дар ҳама соҳаҳо муҳайё карда шудааст. Сарвари давлат барои таҳкиму тақвияти нақши занон дар ҷомеа ҳамеша эътибори махсус медиҳанд. Ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолии кишварамон Пешвои муаззами миллат изҳор намуда буданд, ки “Зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсон мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида, сабақи одамият омӯхтаем. Маҳз ба ҳалли мақоми зан дар ҷомеа мо метавонем бунёди ҷамъияти устувор, боадолат ва ҳаматарафа тараққикардаро орзу намоем.”

Ҳамзамон, иброз гардид, ки дар ин раванд як қатор дастуру супоришҳои Ҳукумат низ ба тасвиб расидааст, ки афзоиш додани теъдоди бонувонро дар мансабҳои хизмати давлатӣ ба танзим медарорад.

Дар фарҷом, як қатор кормандони Вазорат бо табрикот баромад намуда, аз саҳми арзандаи Зан – Модар ва нақши муассири бонуи тоҷик дар ташаккули ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол суханронӣ намуданд.