ШАНБЕГИИ САМАРАОВАР

Санаи 04.03.2023 дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кулли кормандони дастгоҳи марказии Вазорат шанбегӣ гузаронида шуд, ки дар он кормандон саҳни бинои марказии Вазорат, кӯча ва боғи ҳамшафат ва утоқҳои кориашонро тозаву озода намуданд.

Онҳо ба ғайр аз анҷом додани корҳои тозагӣ, ҳамчунин саҳми худро дар шинонидани ниҳолу гулҳои баҳорӣ, нарм намудани зери дарахтони боғи ҳамшафат, таъмири қубурҳои обгузаронӣ ва дигар корҳои ободонӣ гузоштанд.

Маврид ба қайд аст, ки роҳбарият ва кулли кормандони Вазорат ва ниҳодҳои зертобеъ новобаста аз эълон гардидани шанбегиҳо, дар ободу зебо гардидани саҳни бинои Вазорат, ки дар қатори дигар ҳудуди кишварамон як гӯшаи он ба шумор меравад, дар ин ва дигар рӯзҳои фориғ аз кор низ дастаҷамъона саҳми бевоситаи худро мегузоранд.