Роҳ ба Форуми ҷаҳонии об – 2024

22 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар ҳошияи Конфронси обии СММ-2023 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Далер Ҷумъа дар чорабинии иловагӣ дар мавзӯи “Роҳ ба сӯи Форуми ҷаҳонии об 2024”, ки аз ҷониби давлати Индонезия ташкил карда шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.
Далер Ҷумъа ҳамчунин қайд кард, ки зиёд гардидани талабот ба об бинобар афзоиши аҳолӣ, таъсири афзояндаи тағйирёбии иқлим ва дигар омилҳои таъсиргузор ба захираҳои об тақозо дорад, ки андешаҳо дар бораи об ҳамчун асоси ҳаёт ва омили асосии сулҳу субот тағйир дода шавад.