Иштироки Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муколамаи 2-юми интерактивии «Об барои рушди устувор»

22 марти соли 2023 дар доираи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об-2023, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Далер Ҷумъа дар Муколамаи 2-юми интерактивӣ бахшида ба Об барои рушди устувор, арзёбии захираҳои об, робитаи об, энергетика, муҳити зист, озуқаворӣ ва рушди устувори иқтисодии шаҳрӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни баромади худ муҳтарам Далер Ҷумъа қайд кард, ки равиши NEXUS як равиши бисёрсоҳавӣ мебошад, ки алоқамандии тарафайнро байни бахшҳои гуногун дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҷумла оғоз аз қабули қарор дар сатҳи олӣ ва банақшагирии сармоягузорӣ то ба идоракунии маъмулии ҳаррӯза ба инобат мегирад. Ин ба муносибати оқилона, ки барои қабули қарорҳо оид ба истеҳсоли ҳаҷми зиёди неруи барқ бидуни зараррасонӣ ба обёрии кишоварзӣ, ки амнияти озуқаворӣ ва ҳалли оқилонаи масъалаҳои экологиро таъмин мекунад, мусоидат менамояд.