Аз Конфронси оби СММ дар соли 2023 то 28-умин Конфронси тағирёбии иқлим (COP28)

Дар доираи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об – 2023 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА санаи 23 марти соли 2023 иҷлосия дар мавзӯи «Аз Конфронси СММ оид ба захираҳои об 2023 то 28-умин Конфронси тағйирёбии иқлим», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Институти байналмилалии оби Стокголм (SIWI) ташкил карда шуда буд, баргузор гардид,
Кори иҷлосияи мазкурро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Далер Ҷумъа ифтитоҳ бахшида, ҳамзамон қайд намуд, ки моҳи декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии СММ бо ризоият Қатъномаи пешниҳодкардаи Тоҷикистонро дар бораи эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва санаи 21 мартро Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо қабул кард.
Мувофики ин қатънома дар доираи Созмони Милали Муттаҳид Фонди байналмилалии эътимод барои ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд ва дар соли 2025 дар Душанбе конфронси баландпояи СММ дар ин мавзӯъ баргузор хоҳад гардид. Аз фурсат истифода бурда, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки чӣ тавр дар рӯзномаи ҷаҳонии иқлим ба захираҳои об авлавият дода шуда, дар доираи Конфронси 28-уми тағйирёбии иқлим (COP28) баргузор намудани Рӯзи об дастгирӣ карда шавад.