Иштироки Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии мувозии «Муколамаи минтақавӣ оид ба суръат бахшидан ба татбиқи Барномаи амал оид ба захираҳои об»

24 марти соли 2023 дар доираи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об-2023 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Далер Ҷумъа дар ҷаласаи мувозӣ дар мавзӯи «Муколамаи минтақавӣ оид ба суръат бахшидан ба татбиқи Барномаи амал оид ба захираҳои об», ки онро Комиссияи иктисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиёи Ғарбӣ баргузор намуд, иштирок ва суханронӣ кард.
Аз ҷумла, мавсуф таъкид кард, ки муколамаи мазкур вобаста ба захираҳои об бояд дар дохили СММ ва берун аз он минбаъд низ тақвият бахшида шавад.
Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ҷомеаи ҷаҳониро дар таъмини саривақтӣ ва мониторинги иҷрои ӯҳдадориҳои дар Рӯзномаи амал оид ба захираҳои об дар доираи Даҳсолаи амал об барои рушди устувор ва раванди оби Душанбе қайдгардида, дастгирӣ намояд. Даҳсолаи амал оид ба об ва раванди оби Душанбе платформаҳои ҳифзи ҳуқуқро барои сафарбаркунии минбаъдаи амалҳо ва муколамаҳо, таҳияи ҳамкориҳо ва шарикии боз ҳам муассир дар ҳамаи сатҳҳо ва татбиқи онҳо дар ҳаёт, татбиқ менамояд.
Тоҷикистон бо баргузории конфронс дар ду сол як маротиба дар доираи раванди оби Душанбе, умедвор аст, ки барои дастгирии минбаъдаи кӯшишҳои солиму оқилона, иқтидори созанда, ки иродаи сиёсии ва обиро дар саросари ҷаҳон татбиқ менамояд, саҳмгузор бошад.