Коррупсия – падидаи номатлуб

Санаи 16 майи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  намояндагони масъули Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, роҳбарият, масъулини ниҳодҳои зертобеъ  ва кулли кормандони дастгоҳи марказии Вазорат машварати корӣ баргузор гардид. Зимни он аз ҷониби намояндагони Агентӣ мазмуну муҳтавои моддаҳои 23 ва 25 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ба иштироккунандагон фаҳмонида шуда, вобаста ба масъалаҳои истифодаи дурусти захираҳои молиявӣ, моддию техникӣ, воситаҳои нақлиёти хизматӣ, шабакаи Интернет, шабакаҳои низоми  дохилӣ, почтаи электронӣ, телефон ва дигар масъалаҳо, ки бевосита барои рафъи падидаи номатлуби ҷомеа, яъне коррупсия нигаронида шудаанд, муҳокимарониҳо сурат гирифт.

Дар фарҷоми чорабинии мазкур ҳамчунин изҳор гардид,ки Вазорат минбаъд низ талаботи моддаҳои 23 ва 25 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  муқовимат бо коррупсия”-ро дар фаъолияти худ истифода хоҳад намуд.