Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон мекунад.

  1. Сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ;
  2. Сардори шуъбаи таҳлил, мониторинги неругоҳҳои хурд аз рўи тамоми манбаъҳои раёсати электроэнергетика;
  3. Сармутахассиси раёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об, рушди илму техника;
  4. Сармутахассиси раёсати электроэнергетика;
  5. Сармутахассиси раёсати захираҳои об;
  6. Сармутахассиси бахши котибот;
  7. Мутахассиси пешбари раёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об, рушди илму техника;
  8. Мутахассиси пешбари раёсати электроэнергетика;
  9. Мутахассиси пешбари раёсати электроэнергетика;
  10. Мутахассиси пешбари раёсати захираҳои об;
  11. Мутахассиси пешбари раёсати ҳуқуқ;
  12. Мутахассиси раёсати электроэнергетика;
  13. Мутахассиси раёсати электроэнергетика;
  14. Мутахассиси раёсати захираҳои об;
  15. Мутахассиси раёсати ҳуқуқ;
  16. Мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ;

Ҷамъ: 16 воҳид.

Шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок карданро доранд, ҳуҷҷатҳои зеринро ба Бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорат (кўчаи Шамсӣ -5/1) пешниҳод намоянд:

  • ариза ба унвони роҳбари мақомот;
  • варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (акси рангаи 3х4, ва 4х6, 4 дона); тарҷумаи ҳол;
  • нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки агар шахс собиқаи меҳнатӣ надошта бошад);
  • маълумотнома оид ба вазъи саломатии (шакли 038УЕ);
  • нусхаи шиноснома;
  • нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
  • нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
  • нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
  • маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулки худ;
  • маълумотнома оиди доғи судӣ.
  • маълумотнома аз ҷои истиқомат.

Эзоҳ: талабот барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ:

– сардори раёсат 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

–   садори шуъба 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

–  сармутахассис 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

–  мутахассиси пешбар 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

–   таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

Музди меҳнати заминавӣ:

Сардори раёсат – 3300 сомонӣ, сардори шуъба – 2220 сомонӣ, сармутахассис – 1660 сомонӣ, мутахассиси пешбар – 1352 сомонӣ, мутахассис – 1112  сомонӣ муайян гардидааст.

Довталабон маълумоти иловагиро метавонанд аз сомонаи mewr.tj ва телефони 235-97-68 гиранд.