Ҷаласа доир ба тарғибу ташфиқи зиддикоррупсионӣ

Санаи 27 июли соли 2023 бо мақсади иҷрои қарори Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир ба тарғибу ташфиқи зиддикоррупсионӣ баргузор гардида, оқибатҳои зараровари он аз ҷониби баромадкунандагон шарҳ дода шуд.

Ҳамзамон, дар рафти ҷасаласаи мазкур миёни кормандон омӯзиши пурраи барномаи давлатии зиддикоррупсионӣ ба роҳ монда шуда, мақсад ва муҳтавои Барнома ба иштироккунандагон фаҳмонда дода шуд.

Қайд гардид, ки Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ вазъи кунунии ҷойдоштани зуҳуроти коррупсионӣ дар соҳаи энергетика ва захираҳои об ва тадбирҳои андешидашудаи муқовимат ба он, ҳадафҳои асосӣ ва вазифаҳои Барнома, ташфиқу тарғиби сиёсати зиддикоррупсионии давлатӣ, механизмҳои амалисозии таъмини молиявӣ ва натиҷаҳои мунтазираи Барномаро фаро мегирад.