Иштироки Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конгресси умумиҷаҳонии гидроэнергетикӣ

Қобили қайд аст, ки санаи 31 октябр соли 2023 дар шаҳри Балии Ҷумҳурии Индонезия Конгресси умумиҷаҳонии гидроэнергетикӣ ба кори худ оғоз бахшида, он то санаи 2 ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард.

Санаи 31 октябр Конгресси мазкур бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Индонезия, ҷаноби Ҷоко Видодо ба кори худ шуруъ намуд.

Ҳайти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Конгресси мазкур Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ роҳбарӣ намуда, чорабинии байналмилалии мазкур имкони муносиб барои шахсони қарорқабулкунанда ҷиҳати баррасии чӣ тавр гидроэнергетикаи устувор метавонад барои таъмини амнияти энергетикӣ ва расидан ба сифри холиси глобалӣ (net zero) мусоидат намояд, муҳим арзёбӣ мегардад.

Зимни баромади худ, Президенти Ҷумҳурии Индонезия қайд намуд, ки дар Индонезия 4400 дарёҳо мавҷуд аст, ки аз он 128 тоаш дарёҳои калон аст ва имконияти бузург барои истифодаи он ҳамчун неругоҳи барқи обӣ истифода намудан имкон дорад. Дар идомаи суханронии худ Президент қайд кард, ки бузургтарин дарёҳои Индонезия Мамберама бо иқтидори 24 000 МВт ва дарёи Каян бо иқтидори 13 000 МВт, ки дар оянда Индонезия онҳоро барои сарчашмаи энергияи сабз истифода хоҳад намуд.

Президенти Индонезия умедворӣ намуд, ки Конгресси Умумиҷаҳонии гидроэнергетикӣ метавонад як форуми ҳамкориҳо бошад, то ки тавсеяҳои сиёсӣ таҳия ва сармоягузорӣ дар истифодаи энергияи обӣ барои иқтисодиёти устувори сабз афзоиш дода шавад.

Бояд қайд намуд, ки дар Конгресси имсола иштироки тақрибан 1500 нафар аз кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои молиявӣ ширкат варзиданд, ки мавзӯи асосии Конгресси имсола “Таъмини рушди устувор барои иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба тарақӣ” ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ин, бояд ёдовар шуд, ки дар Конгресси соли 2021 баргузоргардида, баёнияи “Сан Хосе” оид ба гидроэнергетикаи устувор қабул шуд, ки Сертификат оид ба рушди устувор дар бахши неруи барқароршаванда пешниҳод карда мешавад. Дар соҳаи энергетикаи кишвар бори нахуст неругоҳи барқи обии «Себзор» аз лиҳози сохтмон ва риояи талабот ва чорабиниҳои экологӣ, аз ҷониби Агентии байналмилалии гидроэнергетикӣ (IHA) баҳои баланд дода шуда, санаи 31 зимни ифтитоҳи Иттиҳодияи гидроэнергетикаи устувор дар ҳошияи Конгресси умумиҷаҳонии гидроэнергетикӣ аввалин лоиҳаи стандартии сертификатсиякунонидашудаи гидроэнергетикаи устувор дар ҷаҳонро (сертификати тиллоии Агентии байналмилалии гидроэнергетикӣ) ба даст овард.

Ҳамзамон, қобили қайд аст, ки санаи 31 октябри соли ҷорӣ дар ҳошияи баргузории Конгресси умумиҷаҳонии гидроэнергетикӣ, Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар дар чорабинии канорӣ зери унвони “Таъмини гузариш ба энергияи тоза дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ” иштирок ва вобаста мавзӯи чорабинӣ рӯнамо ба ширкаткунандагони Конгресс ироа намуд.

Вазир зимни рӯнамои худ, вобаста ба иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон, рушди ин соҳа, ҳадафҳои гузошташудаи Ҳукумати Тоҷикистон дар самти обу энергетика ва иқлим, ташаббусҳои бозори минтақавии интиқоли неруи барқи Осиёи Маразӣ, Ҷанубӣ, Ғарбӣ ва минтақаи АвруОсиё, мушкилоту имкониятҳо ва татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда ва банақшагирифташудаи кишварро муаррфӣ намуд.

Қайд бояд намуд, ки гидроэнергетикаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ имкониятҳои назарраси рушди минтақавӣ ва гузариши ба сифри холисро ифода намуда, истифодаи захираҳои гидроэнергетикии истифоданашуда метавонад саҳми бениҳоят муҳим барои амнияти энергетикӣ ва рушди иқтисодӣ саҳмгузор бошад, зеро дар минтақа афзоиши босуръати аҳолӣ ва афзоиши талабот ба энергия ба назар расида истодааст.

Илова бар ин, қайд гардид, ки дар дар соли 2022 дар саросари минтақа тақрибан 2 ГВт иқтидорҳои нави гидроэнергетикӣ ба истифода дода шудааст, инчунин дигар лоиҳаҳои бузург интизор меравад дар солҳои 2024-2025 ба истифода дода шавад. Ин дар ҳолест, ки бисёре аз кишварҳои минтақа дар назди худ ҳадаф гузоштаанд, ки сарчашмаҳои неруи барқароршаванда, аз ҷумла гидроэнергетикаро дар солҳои 2022-2023 зиёд намоянд.

Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки Ҷумъа Далер Шофақир – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи Конгресси умумиҷаҳонии гидроэнергетикӣ бо Президенти Ҷумҳурии Индонезия, муҳтарам Ҷоко Видодо суҳбати кӯтоҳи сарироҳӣ гузаронида, миннатдории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои ташкили чунин чорабинии бонуфузи энергетикӣ расонид ва барои корҳои пурмасъули давлатдориаш бурдбориҳо таманно намуд.

Дар идомаи иштироки ҳайати кишвар дар Конгресси умумиҷаҳонии гидроэнергетикӣ, санаи 2 ноябри соли 2023 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ таҳти унвони “Саҳми гидроэнергетика дар идоракунии захираҳои обии ҷаҳонӣ” иштирок ва суханронӣ намуд.

Вазир зимни баромади худ иброз дошт, ки гидроэнергетика яке аз усулҳои самаранокии истеҳсоли энергия ба ҳисоб рафта, он алоқаманд ба он аст, ки захираҳои гидроэнергетикӣ неруи барқароршаванда аз лиҳози экологӣ тоза ва истифодаи онҳо имкон медиҳад, ки партовҳо ба атмосфера аз неругоҳҳои ҳароратӣ коҳиш ва захираҳои сӯзишвории карбогидридро барои наслҳои оянда нигоҳ дорем.

Вазир вобаста ба иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон қайд намуда, иброз дошт, ки имконияти гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 млрд. кВт соат дар як сол буда, Тоҷикистон танҳо 3-4 фоизи онро аз худ кардааст.

Дар Тоҷикистон об фактори асосӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ба ҳисоб рафта, чун ки 95 % неруи барқ истеҳсолгардида аз ҳисоби об сарчашма мегирад.

Ҳамчунин, Вазир қайд намуд, ки об саҳми калидӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ бозида, зеро ки 80% маҳсулоти кишварзӣ дар заминҳои обёрикунанда истеҳсол карда мешавад.

Илова бар ин, Ҷумъа Далер Шофақир вобаста ба сохмони иншооти бузурги гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ НБО-и “Роғун”, ки бо иқтидори 3600 МВт сохтмонаш идома дорад, ишора намуд.

Ҳамчунин, вобаста ба таҷдиди неругоҳҳои гидроэнергетикии амалкунанда, аз қабили Нораку Қайроққум ва сохмтони НБО-и “Себзор”, ки неруи аз лиҳози экологӣ тозаро истеҳсол менамоянд, гуфта гузашт.

Ҳамчунин, дар ҳошияи баргузории Конгресси умумиҷаҳонии гидроэнергетикӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2 ноябри соли 2023 бо Вазири энергетика ва захираҳои минералии Ҷумҳурии Индонезия, ҷаноби Арифин Тасриф мулоқот доир намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти энергетика ва мубодилаи таҷриба дар бунёди неругоҳои барқи обӣ, мубодилаи афкор намуда, инчунин Вазир ҷиҳати баргузории чорабинии байналмилалӣ ба ҳамтои худ миннатдорӣ баён намуд.

Ҳамчунин, худи ҳамин рӯз мулоқоти Вазир бо Президенти Ассосиатсияи байналмилалии гидроэнергетикӣ (IHA) (собиқ Сарвазири Австралия), ҷаноби Малколм Турнбулл баргузор шуд.

Дар рафти мулоқот маҷмуи масъалаҳои гидроэнергетикӣ, хусусан татбиқи лоиҳаҳои сабзи энергетикӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷаноби Вазир барои даъват ҷиҳати иштирок дар чунин чорабинии сатҳи баланд ва сазовор намудани Сертификати тиллоӣ ба НБО-и «Себзор», ки аз лиҳози сохтмон ва риояи талабот ва чорабиниҳои экологӣ устувор аст, ба Президенти Ассотсиатсия миннатдории худро баён намуд.

Дар навбати худ, ҷаноби Малколм Турнбулл иброз дошт, ки чорабинии байналмилалӣ имкони муносиб ҷиҳати муаррифии кишварҳое, ки дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ мебошанд ба ҳисоб рафта, бинобар захираҳои бойи гидроэнергетикӣ доштани Тоҷикистон ва кишвари ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ вобаста ба масоили обу иқлим ва муаррифгари энергияи аз лиҳози экологи тоза буданаш, эҳтимоли баргузор намудани Конгресси умумиҷаҳонии гидроэнергетикии соли 2025-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. иброз дошт Малколм Турнбулл

Ҳамзамон, санаи 2 ноябри соли 2023 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари иҷроияи Иттиҳоди глобалии барқароршаванда (Global Renewable Alliance), ҷаноби Брюс Дуглас баргузор шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба рушди неруи барқароршаванда, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои бодию офтобиро баррасӣ намуда, Иттиҳоди глобалии барқароршаванда (Global Renewable Alliance) бобати таҳияи Консепсияи рушди ВИЭ дар Тоҷикистон бо назардошти ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди неруи барқароршаванда то 2030 бунёди 700 МВт неругоҳҳои бодию офтобӣ, ки тавассути ҷалби бахши хусусӣ пешбинӣ гардидааст, омодагии худро иброз намудааст.