Таҷлили Рўзи Парчами давлатӣ

Имрўз дар толори маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Далер Ҷумъа – Вазири энергетика ва захираҳои об бо иштироки кулли кормандони Вазорат ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рўзи Парчами давлатӣ баргузор гардид.

Зимни табрикоти худ муҳтарам Далер Ҷумъа ҳамчунин иброз доштанд, ки Парчами давлатӣ, мавҷудияти миллати соҳибдавлатамонро муайян ва роҳи минбаъдаи онро ба ояндаи дурахшони кишвари азиз равшанӣ бахшида, маҳз бо кўшишу талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўзҳо партавфишон мебошад.

Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ, таҷассумгари асосҳои давлат ва нишоне аз давлатдории гузаштаи тоҷикон, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Сипас, як зумра кормандони Вазорат баромад намуда, оид ба нақшу аҳамияту манзалат ва таърихи ин рамзи муқаддас суханронӣ намуданд.