Ҷаласаи муштараки Гуруҳи корӣ оид ба Идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об ва Гуруҳи кории ҳамоҳангсоз оид ба татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 23 ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Гуруҳи корӣ оид ба Идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об ва Гуруҳи кории ҳамоҳангсоз оид ба татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба ислоҳоти соҳаи об, аз ҷумла лоиҳаи такмилдодашудаи Стратегияи миллии оби Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, сохтори институтсионалии механизми ҳамоҳангсозии соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи Консепсия оид ба воридсозии чорабиниҳои нақшаҳои ҳавзавии идоракунии захираҳои об ба барномаҳои рушди шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ширкат варзиданд.