Суханронии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кушодашавии Павилиони об дар ҳошияи СОР28

Санаи 1-уми декабри соли 2023 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар кушодашавии Павилиони об дар ҳошияи СОР28 баён намуд.

Дар кушодашавии Павилиони об, инчунин Президенти Словения Наташа Пиртс-Мусар, Марк Рютте аз номи Сарвазири Подшоҳии Нидерланд Шоҳ Хайма Бернардо Бурбон-Пармский, Вазири захираҳои об ва ирригатсияи Ҷумҳурии Арабии Миср Хани Севилам ва дигар шахсони воломақом иштирок ва баромад намуданд.

Павилиони об аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Подшоҳии Нидерланд, Олмон, Британия Кабир ва Ҷумҳурии Арабии Миср ва дар ҳамкорӣ бо зиёда аз 30 созмону ташкилотҳои мухталиф ташкил гардидааст.

Ҳадафи асосии Павилион тақвият бахшидани масъалаҳои об дар рӯзномаи иқлим буда, дар доираи он баргузории ҷаласаву мулоқот ва рӯнамову дигар чорабиниҳои мавзӯӣ аст. Павилиони об аз 30 ноябр то 12 декабр соли 2023 дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб фаъолият карда, ҳар рӯзи он ба мавзуъҳои алоҳида бахшида мешавад.