Нақши гидроэнергетика дар рушди устувор

2 декабри соли 2023 дар ҳошияи COP28 дар Дубайи АМА Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ба ҳайси панелист дар муколамаи сатҳи баланд таҳти унвони «Таъмини рушди устувор: Изҳороти Бали оид ба гидроэнергетика» баромад намуд.

Изҳороти Бали оид ба рушди устувор 2 ноябри соли 2023 дар Конгресси умумиҷаҳонии гидроэнергетикӣ дар Бали, Индонезия қабул гардидааст. Дар он гуфта мешавад, ки гидроэнергетикаи устувор бояд меҳвари стратегияҳои миллӣ барои эҷоди иқтисодҳои шукуфони камкарбон бошад, ки аз энергияи тоза ва барқароршаванда таъмин мешаванд.

Иштирокчиёни муколама ба масъалаҳои банақшагирии эҳтиёҷоти ояндаи энергетикӣ, мусоидат ба рушди устувори гидроэнергетика тавассути механизмҳои молиявӣ ва бозорӣ, суръат бахшидан ба рушди энергияи барқароршаванда тавассути равандҳои шаффоф ва самараноки иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ ва ҳамгироии таҷрибаҳои рушди устувори гидроэнергетика ба қоидаҳо ва ӯҳдадориҳои ҳукуматро баррасӣ намуданд.

Посух ба савол оид ба нақшањои Тоҷикистон вобаста ба истифодаи устувори гидроэнергетика барои рушди иқтисодиёти худ ва њавасмандгардонии рушд дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ Далер Ҷумъа қайд намуданд, ки бо дарназардошти тамоюлҳои охирини ҷаҳонӣ, кишварҳо ба таблиғи фаъолонаи рӯзномаи иқлим шурӯъ намудаанд ва дар мисоли минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид намуд, ки ҳар як кишвар стратегияҳоеро қабул кардааст, ки тибқи онҳо гузаштан ба манбаъҳои баркароршавандаи энергия ё зиёд намудани ҳиссаи энергияи барқароршаванда дар баланси умумии энергия пешбинӣ шудааст.

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, саъй дорад, ки онҳоро на танҳо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандони худ, балки барои ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои ҳамсоя тавассути интиқоли нерӯи барқ ​​ва об аз ҷиҳати экологӣ тоза истифода намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ташкили бозори минтақавии нерӯи барқро дар Осиёи Марказӣ бо дурнамои пайвастани кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба он эътироф мекунад, – қайд намуд Вазир.

Вазир таъкид кард, ки Тоҷикистон, ки дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, метавонад дар бунёди бозори минтақавии нерӯи барқ ​​саҳми арзанда гузорад ва ҳамзамон дар коҳиши партовҳои зараровар ба атмосфера мусоидат намояд.

Дар муколама инчунин директори Гуруҳи Sarawak Energy Berhad – Датук Шарбини Сухайли, Президент ва директори генералии Statkraft – Кристиан Риннинг-Тоннесен, намояндаи Шӯрои директорони Агентии миллии тадқиқот ва инноватсияи Индонезия – Три Мумпуни, Директори маркази инноватсия ва технологияи IRENA – Роланд Роше, Президенти IHA ва собиқ сарвазири Австралия – Малколм Тернбулл ва дигар шахсони мансабдори баландпоя иштирок доштанд.