Таъмини рушди устувор тавассути гидроэнергетика

Санаи 3 декабри соли 2023 дар доираи СОР28 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ дар мавзӯи “Таъмини рушди устувор тавассути гидроэнергетика”, ки дар Павилиони Индонезия баргузор гардид, суханронӣ намуд.

Дар ҷаласа нақши муҳими гидроэнергетика дар раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва таъмини рушди устувор таъкид гардид. Сохтмони
НБО-и Роғун, ки энергияи тоза истеҳсол мекунад, лоиҳаи CASA-1000 ва нақшаҳои Тоҷикистон оид ба рушди манбаъҳои энергияи барқароршаванда ҳамчун саҳми назаррас дар коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонагӣ ба атмосфера ва таъмини амнияти обу энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим арзёбӣ гардид.