Вохӯрӣ бо Директори генералии ширкати “Masdar”

Санаи 5 декабри соли 2023 дар ҳошияи СОР28 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Директори генералии ширкати “Masdar” Муҳаммад Ҷамилем Ал Раҳамӣ вохӯрӣ намуд.

Байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Masdar” Ёддошти тафоҳум санаи 29 сентябри соли 2023 ба имзо расонида шудааст. Тибқи Ёддошт ширкати “Masdar” дар Тоҷикистон лоиҳаҳои манбаъҳои энергияи барқароршавандаро (неругоҳҳои барқи обӣ ва неругоҳҳои бодӣ) бо иқтидории умумии 1000 МВт татбиқ намояд.

Дар натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки тибқи Ёддошти тафоҳум корҳоро ҷоннок менамоянд.