Вазирони энергетикаи Тоҷикистон, Покистон ва Қирғизистон барои баррасии рафти татбиқи лоиҳаи CASA-1000 мулоқот баргузор намуданд

Дар доираи Конфронс бахшида ба иқлим, таҳти унвони COP 28 дар шаҳри Дубай Вазирони энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Далер Ҷумъа, Ҷумҳурии Қирғизистон – Таалайбек Ибраев ва Ҷумҳурии Исломии Покистон – Муҳаммад Али доир ба баррасии рафти татбиқи лоиҳаи минтақавӣ оид ба интиқол ва савдои неруи барқ – CASA-1000, ки арзиши умумии он маблағи 1,2 миллиард доллари америкоиро дарбар мегирад, мулоқот баргузор намуданд.

Зимни мулоқот Вазирон қайд намуданд, ки сохтмони иншооти ин лоиҳаи бузург дар қаламрави Тоҷикистону Покистон ва Қирғизистон дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад.

Таъкид гардид, ки Ҷонибҳо дастгирии дастаҷамъонаи худро барои оғози ҳарчӣ зудтари марҳилаи истифодабарии тиҷоратии Лоиҳа иброз медоранд. Дар ин самт, Вазирон Изҳороти дахлдорро ба созмонҳои байналмилалии молиявӣ доир ба вусъатбахшии корҳо дар татбиқи Лоиҳаи мазкур, омода намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот Вазирон аҳамият ва муҳимияти лоиҳаи CASA-1000, ин тарҳи беназири интиқоли байниминтақавии неруи тозаи барқ, ин ташаббусро дар самти энергияи «сабз», ки ду минтақа – Осиёи марказӣ ва Осиёи ҷанубиро ба ҳам мепайвандад, тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки Лоиҳаи мазкур на танҳо сатҳи некуаҳволии сокинони маҳаллиро, ки аллакай аз ин лоиҳа манфиат мегиранд, боз ҳам беҳбуд мебахшад, балки саҳми назарраси худро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим низ хоҳад гузошт.