Санаи 9 декабри соли 2023 дар ҳошияи COP28 Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоимзода Ҷамшед дар чорабинии канорӣ дар мавзӯи “Water for Net Zero” баромад намуд.
Дар баромади худ Ҷамшед Шоимзода оид ба имкониятҳои захираҳои бойи гидроэнергетикии Тоҷикистон барои рушди энергияи сабз, нақши об барои тавлиди энергия тоза, лоиҳаҳои афзалиятноки соҳа барои паст намудани таъсири манфии партовҳои газҳои гулхонагӣ ба экология суханронӣ намуд.
Дар ҷаласа, инчунин дигар шахсони мансабдори баландпоя иштирок намуданд.