Ҷаласаи 16-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ

26-28 декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.

Ҳамраисии ҷониби Тоҷикистонро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷумъа Далер Шофақир ва ҷониби Эронро Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон – Алӣ Акбар Меҳробиён ба уҳда доштанд.

Дар рафти кори ҷаласа Тарафҳо роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангиро дарёфт ва масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ қарор доданд, аз он ҷумла:

ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ;

ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши тиҷорату саноат;

ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, захираҳои об ва нафту газ;

ҳамкориҳо дар бахши нақлиёт;

ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ;

ҳамкориҳо дар бахши меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

ҳамкориҳо дар соҳаи илм ва маориф;

ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ;

ҳамкориҳо дар бахши фарҳанг ва санъат;

ҳамкориҳо дар соҳаи варзиш ва сиёсати ҷавонон;

ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;

Дар кори ҷаласаи Комиссия ҳамчунин таърих ва макони баргузории ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дар соли 2024 муайян карда мешавад.