Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон мекунад.

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон мекунад.

1. Сармутахассиси раёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об, рушди илму техника;
2. Сармутахассиси раёсати иқтисод ва дурнамо;
3. Сармутахассиси раёсати иқтисод ва дурнамо;
4. Сармутахассиси раёсати электроэнергетика;
5. Сармутахассиси раёсати электроэнергетика;
6. Сармутахассиси раёсати захираҳои об;
7. Сармутахассиси бахши котибот;
8. Мутахассиси пешбари раёсати сармоягузорӣ;
9. Мутахассиси пешбари раёсати захираҳои об;
10. Мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорат;
11. Мутахассиси пешбари бахши котибот;
12. Мутахассиси раёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об, рушди илму техника;
13. Мутахассиси раёсати электроэнергетика;
14. Мутахассиси раёсати ҳуқуқ;
15. Мутахассиси раёсати ҳуқуқ;

Ҷамъ: 15 воҳид.
Шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок карданро доранд, ҳуҷҷатҳои зеринро ба Бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорат (кўчаи Шамсӣ -5/1) пешниҳод намоянд:
– ариза ба унвони роҳбари мақомот;
– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (акси рангаи 3х4, ва 4х6, 4 дона); тарҷумаи ҳол;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки агар шахс собиқаи меҳнатӣ надошта бошад);
– маълумотнома оид ба вазъи саломатии (шакли 038УЕ);
– нусхаи шиноснома;
– нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
– нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
– маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулки худ;
– маълумотнома оиди доғи судӣ.
– маълумотнома аз ҷои истиқомат.

Эзоҳ: талабот барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ:
– сармутахассис 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– мутахассиси пешбар 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
Музди меҳнати заминавӣ:
Сармутахассис – 1660 сомонӣ, мутахассиси пешбар – 1352 сомонӣ, мутахассис – 1112 сомонӣ муайян гардидааст.
Довталабон маълумоти иловагиро метавонанд аз сомонаи mewr.tj ва телефони 235-97-68 гиранд.