Коррупсия – падидаи номатлуби ҷомеа

Санаи 12 январи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа бо иштироки кормандони Вазорат ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тарғибу ташфиқ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯи муқовимат ба коррупсия ва тарғиби ҳатмии оммавии зиддикорупсионӣ баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа ташвишовар будани ин падидаи номатлуб ва дастаҷамъона ҷиҳати пешгирии он мубориза бурдан, таъкид ба амал оварда шуд. Қайд карда шуд, ки коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад.  Бинобар ин, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия ин ҳадафҳои дурнамо ва нишондодҳои асосии сиёсати зиддикоррупсионии давлат дар ҳалли вазифаҳои афзалиятнок маҳсуб ёфта, фарогири ноил гардидан ба дастовардҳои мушаххас дар заминаи истифодаи оқилонаи иқтидорҳо дар самти муқовимат ба коррупсия мебошад.
Ҳамзамон, дар ҷаласа оқибатҳои дигари манфии коррупсия,  бошиддат шудани ҷудошавии иҷтимоӣ ва нобаробарии иқтисодии аҳолӣ, қашшоқ гаштани қисми зиёди аҳолӣ ва баланд гаштани шиддатнокии иҷтимоӣ дар давлат суханронӣ карда шуд.
Ҳамчунин, аз ҷониби намояндагнонӣ Агентӣ вобаста ба масъалаҳои истифодаи дурусти захираҳои молиявӣ, моддию техникӣ, воситаҳои нақлиёти хизматӣ, шабакаи интернет, шабакаҳои низоми  дохилӣ, почтаи электронӣ, телефон ва дигар масъалаҳо, ки бевосита барои рафъи падидаи номатлуби ҷомеа, яъне коррупсия нигаронида шудаанд,  дар фаъолияти худ истифода,  ҷиҳати аз ҷониби кормандон даст назадан ба амалҳои коррупсионӣ ва иҷрои саривақтии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин самт қабулгардида, таъкидҳо ба амал оварда шуд.