Шарҳи матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои об барои нишасти матбуотӣ

Дар соли сипаригардидаи 2023 корхонаю муассисаҳои соҳаҳои марбут ба Вазорати энергетика ва захираҳои об фаъолияташонро дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои барномаҳои  соҳавии рушди  энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ равона намуда, дар доираи салоҳияту уҳдадориҳои худ ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати ягонаи энергетикӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обии кишвар, аз ҷумла дар самти бунёд ва таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии энергетикӣ, сохтмон ва таъмири инфрасохтори энергетикӣ, афзоиши имкониятҳои содиротӣ корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.

Дар соли 2023, истеҳсоли неруи  барқ дар ҷумҳурӣ (бо дарназардошти НБО-ҳои хурд) 21 млрд. 861,3 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба дурнамои соли 2023 дар ҳаҷми 178,8 млн. кВт соат ё 0,8 % ва нисбат ба соли гузашта 462,3 млн. кВт. соат ё 2,2 % зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби барқистеҳсолкунандагони мустақили кишвар чунин ба қайд гирифта шуд:

  • дар ҶСК “Барқи Тоҷик” 16 млрд. 474,5 млн. кВт. соат, ки нисбат ба соли гузашта 187 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 102,8 % -ро ташкил дод;
  • дар ҶСК “НБО Сангтӯда-1” 2 млрд. 616,9 млн. кВт. соат, ки нисбат ба соли гузашта 177 млн. кВт. соат зиёд  буда, суръати афзоиш 107,2 % -ро ташкил дод;
  • дар НБО “Сангтӯда-2” 906,1 млн. кВт. соат, ки нисбат ба соли гузашта 100,2 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 112,4 % -ро ташкил дод;
  • дар ҶСК НБО “Роғун” 1 млрд. 644,5 млн. кВт. соат, ки ин нисбат ба соли гузашта 9,8 млн. кВт. соат кам буда, суръати афзоиш ба 99,4 % -ро ташкил дод;
  • дар ҶСК “Помир-Энерҷӣ” 205,8 млн. кВт. соат, ки ин нисбат ба соли гузашта 9,8 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 105 % -ро ташкил дод.

Ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ ба 943,2 ҳазор гигакалория баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба дурнамои солона 285,7 ҳазор Гкал ё 23,2 % ва нисбат ба соли 2022 бошад 200,2 ҳазор Гкал ё 17,5 % кам мебошад. Шурӯъ аз 17 октябри соли 2023 интиқоли гармӣ ба шаҳри Душанбе оғоз гардида, то 1 январи соли 2024 аз 3 200 иншоот 3147 иншоот бо дар назардошти 150 иншооти иловагӣ бо энергияи гармӣ таъмин шуда истодааст, ки иҷрои нақша дар сатҳи 98,3 % таъмин гардид.

Ҳамзамон, ҷамъоварии умумии неруи барқ аз бозори дохилӣ бо дарназардошти 504,8 млн. сомонӣ ҳисоббаробаркуниҳои қарзҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва муассисаҳои буҷетӣ  95,7 % ё 4 млрд. 143 млн. сомониро ташкил намуд.

Ҷамъоварии воқеӣ бе дарназардошти ҳисоббаробаркуниҳо дар соли 2023 ҳамагӣ 3 638,4 млн. сомониро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нишондиҳандаҳои буҷети ҷамъият 142,2 млн. сомонӣ ё 3,8 % кам мебошад.

Дар ин ҷода, татбиқи чораҳои зарурӣ, хусусан иҷрои талаботҳои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” нақши калидӣ дорад, ки дар ин самт дар соли 2024 корҳои амалӣ вусъат дода мешаванд.

Яке аз ҳадафи калидии ислоҳоти соҳа ин таъмини мустақилияти молиявӣ ва бо фоида ҷамъбаст намудани фаъолияти ширкатҳои энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, бо мақсади муайян ва кам намудани талафоти технологӣ  дар доираи  лоиҳаи  «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтар-гардонии низоми интиқоли барқ” корҳо оид ба пайваст намудани ҳисобгиракҳои ҳозиразамони электронӣ  ба барномаи АСКУЭ идома дода шуданд.

Дар ин росто, бо дастгирӣ ва кӯмаки бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе, татбиқи муваффақонаи лоиҳаи кам намудани талафоти энергияи барқ дар ноҳияи Синои пойтахти кишвар бо ҷалби сармоягузори ватанӣ таъмин гардида, дар гузашта чунин  лоиҳаҳо дар ҳудуди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳри Хуҷанд бо кам намудани талафот то сатҳи 6-8 % амалӣ гардида буд.

Бо дарназардошти ин натиҷаҳо, имрӯзҳо Вазорат дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои тақсимоти барқ, сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва шарикони рушд дар ин самт чораҷӯӣ намуда истодаанд

Дар давраи ҳисоботӣ, ҷараёни ислоҳоти дар соҳаи электроэнергетика бароҳандохташуда  натиҷаҳои мусбӣ ба бор оварда истодаанд. Дар асоси технологияи муосири (барномаи билингӣ)-и дар соҳа ҷоригардида, ирсоли СМС–паёмак ба муштариён оид ба маълумотҳои нишондодҳои ҳисобкунак, сарфи энергияи барқ, ҳисоби маблағи барқи истифодашуда, пардохти он ва бақия баъди сабти электронӣ ва ё баъди пардохти маблағ роҳандозӣ карда шудааст, ки ҳадаф аз он таъмин намудани шаффофият дар ҳисобу китоби дақиқи энергияи барқ ба ҳисоб меравад. Дар натиҷа, сатҳи хизматрасонӣ ба муштариён баланд бардошта шуда, Вазорат дар якҷоягӣ бо ҷамъиятҳои шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ барои дар тамоми қаламрави кишвар ҷорӣ намудани системаҳои электронии идоракунии истифодаи энергияи барқ тавассути истифодаи технологияи муосир, корҳоро идома додааст.

Дар давраи ҳисоботӣ корҳо дар доираи 11 лоиҳаи давлатии сармоягузории соҳаи энергетика, аз ҷумла лоиҳаи “Таҷдиди неругоҳи барқи обии Сарбанд”, лоиҳаи “Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ», “Таҷдиди неругоҳи барқи обии Қайроққум”, “Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000”, “Марҳилаи якуми таҷдиди НБО Норак”, “Барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати энергетикӣ”, “Барномаи дастгирии ҷомеаҳо”, “Электрофикатсияи деҳот”, “Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ”, “Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон” (шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар), Лоиҳаи рушди соҳаи энергетика (Кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара”) идома дода шуд. Дар доираи лоиҳаҳои зикршуда, дар ҳаҷми 1 431 млн. доллари ИМА маблағ ҷалб карда шудааст.

Илова бар ин, татбиқи 8 лоиҳаи дигар дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла лоиҳаи “Сохтмони НБО Себзор”, лоиҳаи “Электрофикатсияи деҳот” (қисмати ВМКБ), “Лоиҳаи байнисарҳадии Шуғнон VI ё бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ Хоруғ-Шуғнон”-марҳилаи 1, “Лоиҳаи байнисарҳадии Шуғнон VI ё бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ Хоруғ-Шуғнон” марҳилаи 2, “Лоиҳаи байнисарҳадии Шуғнон VII ё худ ҷорӣ намудани низоми электронии пардохти ҳаққи неруи барқ”, лоиҳаи “Бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ дар ноҳияҳои Дарвоз-Ванҷ барои пайвасткунии шабакаҳои асосии ҶСК “Помир Энерҷӣ” ба шабакаҳои ҷумҳуриявӣ”, Бунёди неругоҳи офтобӣ бо тавоноии 600 кВ дар ноҳияи Мурғоб ва  Лоиҳаи хусусии энергетикии Помир, марҳилаи 3 бо маблағи умумии 124,4 млн. доллари ИМА идома дода шуданд.

Ҳамзамон, бо мақсади иҷрои яке аз нишондиҳандаҳои калидии бахши энергетика “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, яъне диверсификатсиякунонии иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ аз ҳисоби дигар манбаъҳо, ҳамкориҳо бо шарикони рушд ҷиҳати бунёд намудани неругоҳҳои барқи офтобӣ идома дода шуд.

Дар доираи лоиҳаи Бонки Умумиҷаҳонӣ вобаста ба “Сохтмони неругоҳи барқи офтобии хусусӣ дар Вилояти Суғд” (бо иқтидори 200 МВт) ҷиҳати омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа санаи 17 феврали соли 2023 шартнома бо консорсиуми ширкатҳои JURU Energy Limited (Британияи Кабир) ва Rina Consulting (Италия) ба имзо расонида шуда, санаи 17-18 марти соли 2023 корҳои воқеӣ ҷиҳати омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ оғоз гардиданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби Вазорат вобаста ба татбиқи чунин лоиҳаҳо бо дигар шарикони рушд низ, аз ҷумла бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо иқтидори 100 МВт, Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ USAID ҳамкориҳо идома доранд.

Дар ин давра, бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни сафарҳои корияшон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар, гидроагрегати №1-и неругоҳи барқи обии Сарбанд, зеристгоҳи барқии 110 кВ “Себзор”, хатҳои интиқоли барқи 110 кВ “Себзор-Хоруғ”, “Ванҷ-Рӯшон”, зеристгоҳҳои барқии 110 кВ “Даштаки Ванҷ” ва “Вознавд”, неругоҳи барқи офтобӣ бо тавоноии 600 кВт дар ноҳияи Мурғоб ва зеристгоҳҳои барқии 110 кВ “Восеъ”, “Рӯдакӣ” ва хати интиқоли барқии 110 кВ байни ин зеристгоҳҳо, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Соҳаи нафту газ.  Дар соли ҷорӣ дар умум 1 млн. 413 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, 18 ҳазор тонна дар дохил истихроҷ карда шуд, ки талаботи бозори кишварро пурра бо маҳсулоти нафти таъмин намуд. Дар маҷмуъ, ба кишвар дар соли 2023 аз ҷониби соҳибкорон ва ҷамъиятҳои ватанӣ маҳсулоти нафтӣ – сӯзишвории автомобилӣ 348,141 ҳазор тонна, сӯзишвории дизелӣ  436,517 ҳазор тонна, сӯзишвории реактивӣ 70,160 ҳазор тонна, мазут 22,777 ҳазор  тонна, битум 43,384 ҳазор тонна, равғанҳои молиданӣ 19,786 ҳазор тонна, дигар намуди маҳсулоти нафтӣ 1,598 ҳазор тонна, кокси нафтӣ 60,326 ҳазор тонна ва гази моеъ 410,975 ҳазор тонна ворид гардидааст, ки дар маҷмуъ нисбат ба соли 2022, дар ҳаҷми 164 ҳазор тонна ё 13,1 % зиёд мебошад.

Дар доираи тавозуни индикативӣ воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз Федератсияи Россия дар соли 2023 ба ҷумҳурӣ 896,1 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, бензини автомобилӣ 342,6 ҳазор тонна, сӯзишвории дизелӣ 382,8 ҳазор тонна,  сӯзишвории реактивӣ  35,6 ҳазор тонна, мазут 2,04  ҳазор тонна, битум 43 ҳазор тонна, равғанҳои молиданӣ 10,1 ҳазор тонна, кокси нафтӣ 136 тонна ва гази моеъ  79,8 ҳазор тонна.

Дар давраи ҳисоботӣ воридоти гази табиӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 219 млн. 898 ҳазор м3-ро ташкил додааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 26 млн.511 ҳазор  м3 зиёд мебошад.

Ҳамзамон бо мақсади ҷалби сармоя дар соҳаи нафту газ бо ширкати хитоии «CNPC» ҳамкориҳо идома дода шуда, дар заминаи ин ҳамкориҳо аз ҷониби ширкати «CNPC» корҳои таҳлилии маводҳои геологӣ ва намунабардорӣ дар ҳаҷми 40% дар минтақаи қарордодӣ анҷом дода шуд.

Дар асоси ин, гузаронидани корҳои геофизикӣ қисмати ҷанубӣ ғарбии
Тоҷикистон дар соли 2024 нақшагузорӣ шудаанд.

Соҳаи захираҳои об. Бо мақсади ташвиқу тарғиби ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои обу иқлим, Вазорат фаъолона тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст. Боиси хушнудӣ мебошад, ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии фарогири миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор гардид.

Дар баробари ин, аз 30 ноябр то 12 декабри соли 2023 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб бо иштироки намояндагони Вазорат Конференсияи  28-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР28) баргузор гардид. Бо истифода аз платформаи мазкур натиҷаҳои Конфронси оби СММ дар соли 2023 пайгирӣ карда шуда, ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, соли 2025” ташвиқу тарғиб гардид.

Ҳамчунин, чиҳати татбиқи ислоҳоти соҳаи об дар давраи ҳисоботӣ корҳои муайяне ба анҷом расонида шуданд. Бо мақсади таъмини аҳолии кишвар бо оби нӯшокӣ ва шароити хубтари беҳдошт корҳои омӯзишӣ ва таҳлилӣ вобаста ба муайян намудани вазъи воқеии соҳа гузаронида шуда, дар асоси он лоиҳаи Барномаи давлатӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои давраи то соли 2030, нақшаи пешакии сармоягузории соҳа, пешниҳодҳо оид ба такмили сохтори идоракунӣ ва заминаи ҳуқуқии соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов омода гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ташкилоту идораҳои марбут ба истифодаи об аз сарчашмаҳои гуногуни обгирӣ зиёда аз 10 млрд. 403,3 млн.м3 об гирифта шудааст, ки истифодаи ҳақиқии он бе талафот 8 млрд. 391,1 млн.м3 – ро ташкил медиҳад. Яке аз мушкилоти асосии соҳаи истифодабарии об талафот ба ҳисоб меравад.