Ҷаласаи 6-уми Гуруҳи кории Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба истифодаи муштараки захираҳои оби дарёҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ ва Маросими ифтитоҳи дидбонгоҳҳои автоматикунонидашудаи “Патар” ва “Сарват” дар Канали калони Фарғона ва Канали шимолии Фарғона

23 феврали соли 2024 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи 6-уми Гуруҳи кории Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба истифодаи муштараки захираҳои оби дарёҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Мақсади асосии ҷаласаи мазкур ин баррасии натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди ду дидбонгоҳҳои “Патар” ва “Сарват” дар каналҳои байнидавлатии Канали калони Фарғона ва Канали шимолии Фарғона», ки аз ҷониби Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ маблағгузорӣ шудааст, иборат буд.

Дар ҷаласаи мазкур, инчунин қадамҳои минбаъда дар истифодаи дидбонгоҳҳои автоматикунонидашудаи “Патар” ва “Сарват” ва имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои нави байнидавлатӣ дар соҳаи захираҳои об ва дигар масъалаҳои марбута байни Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ гардиданд.

Нимаи дуюми рӯз маросими ифтитоҳи дидбонгоҳҳои автоматикунонидашудаи “Патар” ва “Сарват” баргузор гардид, ки ба таври автоматӣ сабт ва интиқоли маълумот дар бораи ҷараёни об дар ин дидбонгоҳҳо ва идоракунии самараноки захираҳои обро дар каналҳои байнидавлатӣ таъмин хоҳад кард. Бояд гуфт, ки автоматикунонии дидбонгоҳҳои “Патар” ва “Сарват” дар раванди рақамикунонии соҳаи об, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, саҳми арзанда гузоштааст.

Дар чорабинӣ намояндагони воломақом, аз ҷумла Далер Ҷумъа – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шавкат Ҳамроев – Вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷамшед Шоимзода – муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анвар Яъқубӣ – муовини Раиси вилояти Суғд, хонум Саломе Штайб – Роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, хонум Рейчел Боеш – ​​Роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ӯзбекистон ва дигар намояндагони ҳайатҳои кишварҳо ва шарикони рушд иштирок доштанд.