29-уми майи соли 2025, Душанбе. – Дар ҳошияи сафари Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» ва Мудирияти ширкати пружаи садд ва неругоҳи «Сангтӯда Сангоб» Қарордоди иловагӣ №2 ба Созишнома оид ба хариди неруи барқ аз 17-уми январи соли 2006 ба имзо расонид шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи энергетика, сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» бо иқтидори лоиҳавии 220 МВт (бо насби ду агрегати 2×110 МВт) ҳамчун бузургтарин сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон амалӣ гардид.
Маблағи умумии лоиҳа 318,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, аз ин 278,9 миллион доллар саҳми Ширкати «Фароб»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ва 40 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Истеҳсоли солонаи неругоҳи мазкур 900 миллион кВт/соатро ташкил медиҳад, ки ба 4,1 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ баробар аст.
Дар доираи ин қарордоди иловагӣ, як қатор масъалаҳои техникӣ ва иқтисодӣ аз нав баррасӣ гардида, мутобиқ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ карда шуданд.
Бояд гуфт, ки Қарордоди иловагӣ №2 бо роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар асоси натиҷаҳои музокироти созанда ва ҳусни тафоҳуми бадастомада миёни роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Вазорати неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ширкати «Фароб» рӯйи кор омад.












