‎МУЛОҚОТИ ДАЛЕР ҶУМЪА БО ХОНУМ РЕТНО МАРСУДИ

🇹🇯🇺🇳‎‎26-уми майи соли 2026, шаҳри Душанбе (Кохи Сомон). – Дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Фиристодаи вежаи Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои об Ретно Марсуди баргузор гардид.

‎Дар ҷараёни мулоқот ҳамсуҳбатон масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи об, татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии об, инчунин омодагӣ ба конфронсҳо ва чорабиниҳои байналмилалии марбут ба захираҳои обро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои СММ дар бахши об сол ба сол таҳким ёфта, барои пешбурди ташаббусҳои байналмилалии кишвар ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор заминаи мусоид фароҳам меорад.

‎Ҷонибҳо, инчунин нақши муҳими Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсаф дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва иқлим таъкид намуда, аз саҳми кишвар дар татбиқи иқдомҳои байналмилалӣ вобаста ба ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ёдовар шуданд.