ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР КӮЛОБ СЕ ЗЕРИСТГОҲИ НАВРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД

5-уми октябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ду зеристгоҳи нави барқӣ ва як зеристгоҳи таҷдидшударо ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Хатлон» бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Иттиҳоди Аврупо бунёду навсозӣ гардиданд.

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ бо насби ду трансформатори қудратии ҳар кадом 25 МВА бунёд шуд.

Ба истифода додани ин иншоот барои таъмини боэътимоди корхонаҳои минтақа бо неруи барқ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди фаъолияти истеҳсолӣ аҳамияти муҳим дорад.

Ҳамчунин, дар маҳаллаи Қурбон Асадуллои шаҳри Кӯлоб зеристгоҳи нави барқии 110/10 кВ-и «Ато Саид» бо трансформатори қудратии 16 МВА сохта шуд. Дар баробари ин, зеристгоҳи мавҷудаи 110/35/6 кВ-и «Кӯлоб» бо насби трансформатори қудратии дорои тавоноии 40 МВА таҷдиду навсозӣ гардид.

Дар доираи лоиҳа, инчунин, 22 километр хатҳои ҳавоии интиқоли барқи 110 кВ, 10 километр хатҳои 35 кВ, 36,7 километр хатҳои 6-10 кВ ва 10,1 километр хатҳои кабелии 6–10 кВ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд.

Бунёду навсозии иншооти мазкур ба коҳиш додани талафоти неруи барқ, баланд бардоштани эътимоднокии шабакаҳо ва беҳтар намудани сифати таъминоти аҳолӣ ва корхонаҳои шаҳри Кӯлоб бо неруи барқ мусоидат менамояд.