ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИҶЛОСИЯИ 13–УМИ ШӮРОИ САРПАРАСТОНИ МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ ИДОРАИ ОБИ ШАҲРӢ

23.02.2023 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Теҳрон 22-24 феврал дар иҷлосияи 13-уми Шӯрои сарпарастони Маркази минтақавии идораи оби шаҳрӣ иштирок ва суханронӣ кард.

Зимни суханронии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ва истифодаи он дар шаҳрҳоро таъкид гардид.

Дар ин замина ҳозирини иҷлосия барои иштирок дар Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки рӯзҳои 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА таҳти раисии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд доир мешавад, даъват шуданд.