30-юми майи соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҷаласаи сатҳи баланд таҳти унвони “Пиряхҳо ва дартрасӣ ба об дар шароити тағйирёбии иқлим: Аз пиряхҳо то баҳр”, ки дар чорчӯби Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ Далер Ҷумъа иштирокчиёнро ба кишвари зебоманзари Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки имрӯз мо аз як ташвиши умумӣ муттаҳид гаштаем: пиряхҳо бо суръати бесобиқа об мешаванд. Тағйирёбии иқлим боиси тағйир дар ҷараёни дарёҳо, тағйироти мавсимии дастрасии об ва зиёд шудани осебпазирии ҷомеаҳо — хусусан онҳое, ки ба обшавии пиряхҳо вобастагӣ доранд — мегардад. Дар ин замина, мо бар онем, ки энергияи барқароршавандаи обӣ як роҳи стратегӣ барои коҳиши карбон, танзими устувори захираҳои об ва таҳкими амнияти энергетикии минтақавӣ мебошад.
– Тоҷикистон яке аз калонтарин захираҳои истифоданашудаи гидроэнергетикиро дар ҷаҳон доро аст — 527 миллиард киловатт-соат (кВт/с) дар як сол, ки аз он 317 миллиард кВт/с аз ҷиҳати техникӣ имконпазир аст. Аммо дар соли 2024 мо ҳамагӣ тақрибан 22,5 миллиард кВт/с истеҳсол кардем, ки танҳо 6 фоизи иқтидори умумиро ташкил медиҳад. Айни замон, 98 фоизи неруи барқи мо аз манбаъҳои обӣ ба даст меояд, ки Тоҷикистонро ба яке аз тозатарин тавлидкунандагони неруи барқ дар ҷаҳон табдил додааст. Иқтидори насбшудаи низоми энергетикии мо ҳоло 6,611 мегаватт (МВт) мебошад ва тибқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030, мо ният дорем, ки онро ба 10,000 МВт расонем, асосан бо сармоягузорӣ ба неругоҳҳои барқи обӣ – илова намуд вазири энергетика ва захираҳои об.
Гуфта шуд, ки аз соли 2001 инҷониб, дар Тоҷикистон зиёда аз 20 лоиҳа дар соҳаи энергетика бо арзиши умумии беш аз 2,5 миллиард доллари ИМА амалӣ гардидааст. Айни замон, 18 лоиҳаи нави сармоягузорӣ ба маблағи 1,7 миллиард доллари ИМА дар ҳоли иҷро мебошанд. Инҳо сохтмон ва навсозии неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқол, низомҳои рақамии ҳисобкунии неруи ва пайвастшавии низоми энергетикии кишвар ба низоми минтақавиро дар бар мегиранд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаласаи сатҳи баланд олимону коршиносони соҳа иштирок доштанд.














