МУЛОҚОТ БО ХОНУМ РЕНТО МАРСУДИ

30-юми майи соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндаи вижаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об хонум Ренто Марсудӣ вохӯрӣ анҷом дод.
Мулоқот дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардида, дар ҷараёни он масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, бахусус дар самти идоракунии устувори захираҳои об, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо аз сатҳи феълии ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати таҳкими минбаъдаи талошҳои муштарак барои амалӣ намудани ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028»-ро таъкид карданд.
Хонум Ренто Марсуди ба сатҳи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баҳои баланд дод.